25 майи соли равон кормандони Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурусти Истиқлол” ва як қатор муассисаҳои тандурустии пойтахт марҳилаи дуюми иммунизатсия бар зидди бемории коронавирусро оғоз намуданд.
Ба навиштаи Вазорати тандурустӣ маъракаи дуюми иммунизатсия бар зидди бемории COVID-19 марҳила ба марҳила дар миёни кормандони соҳаи тандурустии пойтахти кишвар, вилоятҳо ва шаҳру навоҳии кишвар бургузор мегардад.
Хотирасон мекунем, ки дар оғози моҳи март ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 192 ҳазор вояи ваксинаи «AstraZeneca» аз Деҳлӣ ба Душанбе интиқол дода шуд. Баъд аз қабули Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 23 марти соли ҷорӣ маросими расмии оғози ваксинатсия (иммунизатсия) бар зидди коронавирус дар Тоҷикистон баргузор шуд.
Инчунин, Сардори Раёсати амнияти санитарӣ-эпидемиологии ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврию тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров қаблан гуфта буд, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дар доираи ҳамкории дуҷониба бо Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтимолан 150 ҳазор воя ваксинаи «CoronaVac»-и Чин ворид карда мешавад.
Гуфта шуда буд, ки дар оянда қисмати дуюми ваксинаҳои «AstraZeneca» ба Тоҷикистон ворид мешавад. Дар ин марҳила, ба нафарони аз 60-сола боло ва сипас аз 50-сола боло ваксина гузаронида мешавад. Ҳамчунин, дар назар аст, ки ваксинаи «Спутник V» – и Россия низ ба Тоҷикистон дастрас карда шавад.
Неъмат Салимзода