Идомаи табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар иртибот ба ҷашни Рӯзи истиқлоли давлатӣ аз номи роҳбарони шарикони байналмилалии кишвари мо ба номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паёмҳо ва барқияҳои шодбошӣ ворид гардидаанд, ки дар онҳо бо арзи ғояти эҳтиром ба Сарвари давлати мо ва таманниёти нек ба мардуми Тоҷикистон аз ҷумла омадааст:

***

«Ҷаноби Олӣ,

Табрикоти маро ба муносибати Рӯзи Истиқлол бипазиред.

Ҷашнҳои миллӣ ҳамзамон фурсате фароҳам меоранд, то роҷеъ ба мушкилоти ҷаҳонии муштарак андеша намоем. Ҷомеаи байналмилалӣ дар рӯ ба рӯи рӯйхати афзояндаи санҷишҳо – аз буҳрони иқлим то низоъ ва афзоиши нобаробарӣ қарор дорад, ки ҳалли онҳо танҳо дар қолаби бисёрҷониба имконпазир аст.

Маҳз ҳамин руҳия дар Аҳдномаи Оянда таҷассум ёфтааст. Ин санади сарнавиштсоз соли гузашта аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардида, бар асоси зарурати таҳкими бисёрҷониба, пешбурди сулҳ, рушди устувор ва ҳуқуқи башар барои ҳамаи инсонҳо бунёд ёфтааст.

Бори дигар таманниёти беҳтарини худро ба мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин рӯзи фархунда баён медорам.

Лутфан, Ҷаноби Олӣ, изҳори эҳтироми олии маро қабул фармоед».

Антониу Гуттериш, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид

***

«Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли хушнудӣ табрикоти худро ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, ва ба мардуми бародари Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фурсати мубораки Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз менамоям.

Покистон бо риштаҳои устувор ва бародаронаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, ки таҳти дидгоҳи дурнигарона ва роҳбарии хирадмандонаи Шумо, Ҷаноби Олӣ, пайваста таҳким меёбанд, ифтихор дорад.

Бо эҳсоси самимӣ сафари худ ба шаҳри Душанбе дар моҳи майи соли ҷорӣ, инчунин мулоқоти гарму созандаи худро бо Шумо дар ҳошияи иҷлосияи СҲШ дар шаҳри Тянҷин ба ёд меорам. Дар он мулоқот мо мубодилаи назарҳои пурмуҳтаво ва дурнигарона анҷом дода, роҳҳои навро барои баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳо тарҳрезӣ намудем, то ки робитаҳои бародаронаи мо ба як ҳамкории воқеан гуногунсамт ва барои ҳар ду ҷониб судманд табдил ёбанд.

Тавре ки дар Тянҷин ба Шумо иброз доштам, боиси қаноатмандист, ки Созишномаи Шарикии Стратегӣ байни кишварҳоямон, ки соли гузашта имзо гардид, аллакай ба натиҷаҳои мушаххас ва назаррас оғоз бахшидааст.

Дар ҳамин замина, мутмаинам, ки дар ҳамкории наздик бо Шумо, Ҷаноби Олӣ, мо кишварҳоямонро ба марҳалаи нави шарикии стратегии мутақобилан судманд ворид намуда, ба шукуфоии муштараки мардумонамон такон мебахшем.

Аз ин фурсат истифода бурда, беҳтарин таманниётамро барои саломатӣ, хушбахтӣ ва саодати шахсии Шумо, Ҷаноби Олӣ, баён менамоям ва ҳамчунин барои сулҳи пойдор, пешрафт ва шукуфоии мардуми бародари Тоҷикистон орзуҳои самимии худро иброз медорам.

Лутфан, Ҷаноби Олӣ, изҳори эҳтироми амиқи маро бипазиред».

Муҳаммад Шаҳбоз Шариф, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон

***

«Ҷаноби Олӣ,

Аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон ва шахсан аз номи худам, бо камоли хушнӯдӣ табрикоти худро ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ иброз менамоям.

Покистон муносибатҳои деринаи бародарона  ва таърихан устувори худро бо Тоҷикистон, ки бар пояи имони муштарак, ҳамбастагии фарҳангӣ ва эътимоди мутақобил устувор гардидаанд, қадр менамояд. Боиси хушнудист, ки рушди мунтазами ҳамкориҳои мо дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла тиҷорат, энергетика, пайвастшавӣ ва робитаҳои башарӣ назаррас мебошанд.

Муколамаи сатҳи олии роҳбарони ду кишвар неруи тозае ба ин ҳамкориҳо бахшида, иродаи моро барои таҳкими равобит боз ҳам қавитар гардонидааст. Итминон дорам, ки таҳти роҳбарии дурандешонаи Шумо, Ҷаноби Олӣ, ҳамкории мо густариш ёфта, саҳми арзанда дар таҳкими сулҳ, субот ва шукуфоии минтақавӣ хоҳад гузошт.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, беҳтарин таманниётамро барои саломатӣ, хушбахтӣ ва умри дароз ба Шумо иброз медорам ва орзу дорам, ки мардуми бародари Тоҷикистон ба пешрафт ва шукуфоии бештар ноил гардад.

Лутфан, Ҷаноби Олӣ, изҳори эҳтироми амиқи маро бипазиред».

Асиф Алӣ Зардорӣ, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон

***

«Муҳтарам ҷаноби Президент,

Пеш аз ҳама иҷозат фармоед сипоси самимии хешро барои номаи ирсолнамудаатон ба муносибати 14-уми июл баён намоям.

Бо камоли хушнудӣ ба муносибати ҷашни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсан аз номи худ ва аз номи мардуми Фаронса самимонатарин табрикот ва таманниёти некро барои саодат ва некуаҳволии мардуми тоҷик ба Шумо изҳор менамоям.

Тоҷикистон, ки чанде пеш бо ҳамсоягони худ сулҳи пойдор баст, ба ҷаҳониён ба хотири ҳамкории байни давлатҳо ва мардумон ва эҳтироми соҳибихтиёрии ҳар як кишвар паёми сулҳ ирсол намуд.

Кӯшишҳои муштараки мо барои ҳифзи муҳити зист, хусусан пиряҳҳо ва қутбҳо низ аҳамияти муҳим дорад.

Барои иштирокатон дар Конфронси СММ оид ба уқёнус ва инчунин барои муколамаҳои созандаамон дар ин замина миннатдорӣ иброз медорам. Дар доираи «Даҳсолаи амал оид ба илмҳои криосфера», ки мо якҷо дар шаҳри Нитса ифтитоҳ намудем, иштироки Фонди фаронсавии «Ёдгории пиряхҳо» дар миссияи байналмилалии илмӣ дар Тоҷикистон дар ҳафтаҳои наздик далели возеҳи густариши ҳамкории судманди мо дар ин самт мебошад.

Мехоҳам, ки мо минбаъд низ муколамаи сиёсӣ ва амниятиро байни ду кишвари дӯстамон дар шароити мураккаби низои Украина ва вазъи ҳассоси Афғонистон тақвият бахшем.

Шарикии мо дар соҳаҳои фарҳангӣ ва донишгоҳӣ низ заминаи муҳими муносибатҳои дуҷониба ба ҳисоб рафта, татбиқи лоиҳаи «Алянс Франсез» дар шаҳри Душанбе бояд ба таҳкими он мусоидат намояд.

Илова бар ин, аз майли ширкатҳои фаронсавӣ ба таҳкими мавқеи худ дар Тоҷикистон ҳамчун шарикони боэътимод ва дарозмуддат дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтор, кишоварзӣ ва сайёҳӣ изҳори хушҳолӣ менамоям

Лутфан, Ҷаноби Президент, эҳтироми олии маро бипазиред».

Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон

***

«Ҷаноби Олӣ,

Аз номи Шурои Федералии Швейтсария ва мардуми Швейтсария мехоҳам ба Шумо ва шаҳрвандони кишваратон ба муносибати Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикот иброз намоям. Лутфан иҷозат фармоед, таманниёти беҳтаринро низ барои ояндаи босаодат ва муваффақонаи кишваратон ва шаҳрвандони он баён кунам.

Ман хушҳолам, ки ду кишвари мо муносибатҳои бисёрҷанбаи хуб доранд ва бовар дорам, ки дар солҳои оянда мо метавонем онҳоро боз ҳам густариш диҳем. Мо интизори ҳамкории зич бо Тоҷикистон дар давраи раёсати Швейтсария дар САҲА дар соли 2026 ҳастем.

Ҳамчунин, иҷозат фармоед, ба Шумо барои табрикоти самимиатон ба муносибати Рӯзи миллии Швейтсария миннатдорӣ баён намоям.

Лутфан, Ҷаноби Олӣ, ғояти эҳтироми амиқи маро бипазиред».

Карин Келлер-Зуттер, Президенти Конфедератсияи Швейтсария

***

«Ҷаноби Олӣ, Ҳамтои азиз,

Аз номи мардуми Гурҷистон ва шахсан аз номи худам, Шумо ва мардуми муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Истиқлолият, ки 9 сентябр таҷлил мегардад, самимона табрик мегӯям.

Ин санаи фархунда дар таърихи кишвари Шумо рамзи амиқи озодӣ, ифтихори миллӣ ва давлатдории устувор мебошад. Дар ҳамин рӯз, соли 1991, Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти худро эълон намуда, роҳи рушди соҳибихтиёрро пеш гирифт. Ин рӯйдоди сарнавиштсоз руҳи озодихоҳӣ ва иродаи қавии мардуми тоҷикро дар сохтани давлати қавӣ ва мустақил — давлате, ки мероси бойи фарҳангӣ ва анъанаҳои қадимии худро пос медорад, инъикос мекунад.

Гурҷистон муносибатҳои дӯстона бо Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бар пояи эҳтироми мутақобил, анъанаҳои муштараки таърихӣ ва манфиатҳои миллӣ асос ёфтаанд, баланд арзёбӣ мекунад. Итминон дорам, ки равобит ва ҳамкории байни кишварҳои мо минбаъд низ таҳким ва густариш меёбанд ва ба некуаҳволии мардумони мо ва амалӣ гаштани талошҳои муштаракамон мусоидат менамоянд.

Ҷаноби Олӣ, ба Шумо сиҳатии комил ва дар фаъолияти пурмасъулатон муваффақиятҳои минбаъда орзу менамоям. Ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳи пойдор, пешрафт ва шукуфоии беш аз пешро таманно дорам».

Президенти Гурҷистон Михаил Кавелашвили

***

«Ҷаноби Олӣ,

Аз номи Ҳукумат, мардуми Ҳиндустон ва аз номи худам саломи гарму ҷушон ва табрикотро ба Шумо, Ҷаноби Олӣ ва мардуми дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 34-солагии Рӯзи истиқлоли давлатӣ мерасонам.

Давлатҳои мо риштаҳои пойдори дӯстӣ доранд, ки бар пояи робитаҳои ғании фарҳангӣ ва таърихӣ асос ефтаанд. Бо нигоҳи ба оянда, ман итминони комил дорам, ки ҳамкории мо дар сатҳи дуҷониба, минтақавӣ ва ҳамчунин, дар чаҳорчӯби созмонҳои бисёрҷониба рушд ёфта, ба таҳкими сулҳу амонӣ ва пешрафти умумӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар ин рӯзи фараҳбахш ман беҳтарин орзуҳои самимии саломатии бардавом ва саодатмандии худро ба Ҷаноби Олӣ, изҳор намуда, инчунин, ба тамоми мардуми Тоҷикистон пешрафти доимӣ, шукуфоӣ ва сулҳу осоишро таманно дорам.

Лутфан, Ҷаноби Олӣ, эҳтироми амиқи маро бипазиред».

Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Драупади Мурму

***

«Муҳтарам ҷаноби Президент!

Бо камоли мамнуният, ба муносибати Ҷашни миллӣ — Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз номи шаҳрвандони Ҷумҳурии Сербия ва шахсан аз номи худ, ба Шумо табрикоти самимӣ ва орзуҳои беҳтаринро барои шукуфоии минбаъдаи кишваратон ва некуаҳволии мардуми он ирсол медорам.

Итминон дорам, ки бар асоси равобити анъанавии дӯстона мо мусоидатро ба таҳкими минбаъда ва рушди ҳамкории ҳамаҷониба байни Ҷумҳурии Сербия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон идома хоҳем дод.

Бо истифода аз фурсати муносиб, миннатдории амиқи худро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии усулии он дар ҳифзи тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Сербия баён менамоям. Ин амал далели равшани пойбандии кишвари Шумо ба усулҳои асосии ҳуқуқи байналмилалӣ ва Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошад.

Лутфан, ҷаноби Президент, эҳтироми хоссаи маро нисбат ба Шумо бипазиред».

Президенти Ҷумҳурии Сербия Александар Вучич

***

«Ҷаноби Олӣ,

Ба муносибати ҷашни миллии кишваратон — Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 9 сентябр ҷашн гирифта мешавад, лутфан табрикоти самимӣ ва таманниёти неки маро барои сулҳу пешрафт ва некуаҳволии Шумо ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон бипазиред.

Ҷумҳурии Булғор муносибатҳои созандаи худро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми Шуморо дар таъмини амният, субот, ҳамсоягии нек ва рушди устувор дар минтақаи Осиёи Марказӣ баланд арзёбӣ менамояд.

Дар доираи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ аз соли 2019 ва болоравии сатҳи муносибатҳои Иттиҳоди Аврупо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ба сатҳи шарикии стратегӣ, Булғор минбаъд низ аз густариши робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо пуштибонӣ хоҳад кард. Ин раванд ҳамчун ангезаи муҳими истифодаи пурсамари иқтидори мавҷуда барои ҳамкории мутақобила байни кишварҳои мо дар самтҳои ояндадор хидмат мекунад.

Бо ирсоли таманниёти беҳтарин барои некуаҳволӣ ва фараҳмандии мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсан ба Шумо саломатии бардавом ва дар фаъолияти пурмасъулатон муваффақият орзу менамоям.

Лутфан, Ҷаноби Олӣ, эҳтироми волои маро бипазиред».

Президенти Ҷумҳурии Булғор Румен Радев

***

«Муҳтарам ҷаноби Президент

Ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат фармоед, аз номи шаҳрвандони Ҷумҳурии Словения ва шахсан аз номи худам, самимонатарин табрикот ва беҳтарин таманниёти пешрафти ҳамаҷониба, некуаҳволӣ ва сулҳи пойдорро ба кишвари Шумо ва тамоми сокинони он изҳор намоям.

Бо истифода аз фурсат, мехоҳам таманниёти самимӣ ва омодагии худро ҷиҳати густариш ва таҳкими минбаъдаи ҳамкории дӯстона байни Словения ва Тоҷикистон ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби минбарҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ изҳор намоям. Бовар дорам, ки робитаҳои мунтазам ва талошҳои муштараки мо ба таҳкими сулҳ, субот ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳам байни кишварҳоямон ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат хоҳанд кард.

Лутфан, муҳтарам ҷаноби Президент, ғояти эҳтироми амиқи маро бипазиред».

Президенти Ҷумҳурии Словения Наташа Пиртс Мусар

***

«Ба Ҷаноби Олӣ

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иҷозат фармоед ҳамчун Президенти Ирландия ва аз номи мардуми Ирландия, ба Ҷаноби Олӣ ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи миллӣ табрикоти самимӣ ва гармтарин паёми шодбошии худро ирсол намоям.

Бигзор айёми расида барои мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу пешрафт ва саодат оварад».

Майкл Д. Ҳиггинс, Президенти Ирландия

***

«Ҷаноби Олӣ,

Ба муносибати Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо ва мардуми Тоҷикистон самимонатарин табрикот ва таманниёти сидқии сулҳу некуаҳволӣ ва пешрафти минбаъдаро мерасонам.

Ин рӯз барои баррасии роҳи Тоҷикистон ба сӯи соҳибихтиёрӣ ва ҳуввияти миллӣ имконияти хуб аст. Молдова муносибатҳои кишварҳои моро, ки бар эҳтироми мутақобил ва ҳамкорӣ асос ёфтаанд, қадр мекунад ва бовар дорам, ки муколамаи мо боз ҳам тақвият ёфта, ба манфиати шаҳрвандонамон ва суботи минтақа хизмат хоҳад кард.

Лутфан, Ҷаноби Олӣ, арзи эҳтироми фоиқаи маро қабул фармоед».

Президент Ҷумҳурии Молдова Мая Санду

***

«Муҳтарам Президент чаноби Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ассалому алайкум ва рањматулло ва баракотуҳ

Мояи шараф ва ифтихори бузург аст, ки ба Чаноби Олӣ самимитарин табрикоти худро ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон иброз намоям.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб, ба Ҷаноби Олӣ саломатии бардавом ва хушбахтӣ орзу менамоям ва барои кишвари Шумо пешрафту шукуфоиро таманно дорам».

Подшоҳи Подшоҳии Баҳрайн Ҳамад бин Исо Оли Халифа

***

«Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боиси хушҳолии мост, ки табрикоти самимиамонро ба Ҷаноби Олӣ ба муносибати фарорасии иди Истиқлоли давлатӣ бирасонем.

Бо истифода аз ин фурсат мо ба Шумо Ҷаноби Олӣ хушбахтӣ ва тандурустӣ ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон идомаи пешрафту шукуфоиро таманно дорем».

Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Ториқ Оли Саид

***

«Ҷаноби Олӣ,

Аз номи Ҳукумат ва мардуми Шри-Ланка, иҷозат фармоед, самимитарин табрикоти ҳудро ба Шумо, Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи миллии кишваратон иброз мамоям.

Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш, ки Тоҷикистон ин рӯйдоди муҳимро ҷашн мегирад, изҳори сипоси амиқи Шри-Ланкаро барои дӯстии устувор ва ҳамкориҳои наздик, ки тайи солҳои зиёд хоси муносибатҳои ду кишвари мост, баён намоям. Итминони комил дорам, ки шарикии мо дар солҳои оянда беш аз пеш рушд ҳоҳад кард.

Дар ин замина, мехоҳам роҳбарии дурандешонаи Шуморо, Ҷаноби Олӣ, дар масири пешрафт ва шукуфоӣ Тоҷикистонро роҳнамоӣ менамояд, баланд арзёбӣ намоям. Орзу мекунам, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қуллаҳои навбатии муваффақият бирасад ва риштаҳои дӯстӣ байни ду кишвари мо боз ҳам қавитар гарданд.

Лутфан, Ҷаноби Олӣ, эҳтироми фоиқа, инчунин, беҳтарин таманниёти маро барои саломатии бардавом ва саодатмандии Шумо, ҳамчунин, барои пешрафт ва шукуфоии мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон бипазиред».

Анура Кумара Дисанаяка, Президенти Ҷумҳурни Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка

***

«Ба Ҷаноби Олӣ,

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба муносибати таҷлили Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат фармоед, аз номи мардум ва Ҳукумати Куба, ба Шумо ва мардуми Тоҷикистон табрикоти самимӣ ирсол намоям.

Бори дигар иродаи худро барои тақвияти робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни ду кишвар таъйид менамоям.

Лутфан арзи эҳтиром ва самимияти баландтарини маро қабул фармоед.

Мигел Диас-Канел Бермудес, Президенти Ҷумҳурии Куба

***

«Ҷаноби Олӣ,

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ба муносибати Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо ва дар симои Шумо ба Ҳукумат ва мардуми кишваратон табрику таҳният арз намуда, дар фаъолиятон ба манфиати рушду шукуфоии кишваратон барору комёбиҳо орзумандам.

Раиси умури давлатии Ҷумҳурии Мардумӣ-Демократии Корея Ким Чен Ин

***

Барқияҳои табрикӣ, ҳамчунин, аз номи Капитан-регентҳои Ҷумҳурии Сан-Марино Денизе Бронcетти ва Итало Риги ва Дабири кулли  Созмони ҳамкории иқтисодӣ Асад Хон ворид гардиданд.

Воридшавии паём ва барқияҳои шодбошӣ ба унвони Пешвои миллат идома дорад.