Бино ба иттилои донишномаи Википедия танҳо 10-11% масоҳати Замин тахминан ҳудуди 1,5 млрд. га майдонҳои кораманд. Ин рақам далели он аст, ки маҳсулнокии биологии сайёра дар доираи муайян қарор дорад. Гузашта аз ин, афзоиши бемайлони аҳолӣ ва зарурати бунёди манзилгоҳҳои наву дар пайи ҳаводиси табиӣ канор мондани заминҳои киштшаванда боиси маҳдуд гаштани заминҳои корам мегарданд. Пас дар шароити кунунӣ ҳифзи хок, пешгирии эрозияи замин ва баланд бардоштани ҳосилхезии хок ва ба ин васила таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат яке аз масоили умдатарини дилхоҳ кишвар ба ҳисоб меравад.
Коршинос аз Иниститути хокшиносии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Шарифҷон Аминов мегӯяд, ки дуруст ба роҳ намондани корҳои агротехникӣ дар фасли баҳор омили асосии пастшавии ҳосилхезии заминҳои корам мегардад, яъне бар асари эрозия миқдори гумуси таркиби он шуста шуда, хок кобилияти маҳсулнокии биологии худро паст менамояд. Гузашта аз ин, тағйирёбии иқлим, боронҳои аз меъёр зиёд ин равандро метезонад.
Биноба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири тағйирёбии иқлим дар кишвар соли 2021 нисбат ба солҳои қаблӣ бамаротиб зиёдтар ба чашм расад. Дар кишвар тайи се соли охир мавзеъҳои осебпазир аз 600 то ба 1471 адад расидааст. Шарифҷон Аминов сабаби аслии рушди бемайлони мавзеъҳои осебпазиро дар фаъолияти нодурусти одамон ва омили аслии ярчшавиро аз таркиби хок ва таъсири намӣ ба он медонад.
Бо ҳисоби олимони хокшинос ҳамасола дар пайи коркарди нодуруст, аз 1 гектар замин ба хисоби миёна беш аз 600 киллограм захираи гумус нест мешавад. Пастшавии гумуси хок ин маънои ру ба таназзул ниҳодани қабати ҳосилхези заминро дорад. Кишоварзонро мебояд, тавассути андешидани чораҳои гуногуни агротехникӣ аз ин раванд ҷилавгирӣ намоянд ва ба ин васила имкон надиҳанд, то масоҳати заминҳои аз гардиши кишоварзӣ канор монда дар кишвар сол аз сол зиёд шавад.
Муродулло Раҳимов,
Радиои “Тоҷикистон”