Ахиран, дар Тоҷикистон ба хотири ба кор таъминкунии шаҳрвандони Тоҷикистон, бахусус ҷавонон дар дохил ва хориҷи кишвар корхонаи “Биржаи меҳнатии муҳоҷирон” таъсис ёфт.
Федератсия ва ташкилоти ҳамузви он дар ҳамкорӣ бо ташкилоти иттифоқҳои касабаи давлатҳои узви ИДМ дар самти муҳоҷират ҳамкории тарафайн дошта, манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва муташаккилона сафарбар намудани онҳоро тибқи шартномаҳои тарафайн бо шарикони хориҷӣ ба роҳ мемонад.
Дар ин бора Ҷамишед Юнусов мудири шуъбаи иҷтимоӣ иқтисодӣ робита бо ҷомеъа ва муносибатҳои байналмилалии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар суҳбат ба радиои Тоҷикистон ҳадаф аз ташкил ва ба роҳ мондани биржаро таъкид доштааст, ки «мақсади асосии корхона бо кор таъминкунии шаҳрвандони Тоҷикистон, бахусус ҷавонон дар дохил ва хориҷи кишвар, ҳамчунин ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои меҳнатӣ ва иқтисодӣ-иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ, расонидани кумаки амалӣ барои дарёфти ҷойҳои нави корӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти ваколатдори давлатӣ ба ҳисоб рафта, инчунин ҷавононе, ки вуруди онҳо ба қаламравӣ руссия манъ шуда дубора наметавонанд раванд, онҳоро ба курсҳои кутоҳмудати омузишӣ ҷалб намуда дар дохили кишвар ба ҷойи кор таъмин мекунанд».
Ёдовар бояд шуд, ки Биржаи меҳнатии муҳоҷирон дар тобеияти Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон буда, дар кишвар аз аввалин иқдомҳо дар самти муҳоҷират ба шумор рафта, аз 5 майи соли ҷорӣ фаъолияти худро расман шуруъ намуд.
Саидов Ш.,
Радиои “Тоҷикистон”