М. Табаров: На ба театри мо “Парасту” даркор асту на ба “Парасту” театр

Имсол дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – «Парасту — 2021» 11 театри касбии ҷумҳурӣ иштирок доранд. Дар фестивал интихоби мавзӯъ озод аст, аммо баъзе аз мунаққидони театру синамо ва ҳакамони фестивал аз мазмуну муҳтавои намоишномаҳои довталабон ба шиддат интиқод мекунанд.

Ба андешаи раиси ҳакамон Маҳмадулло Табаров солҳои аввал ин фестивал сабабгори эҳёи театр ва пешрафти кори он буд, аммо “мутассифона имрӯзҳо на ба театри мо “Парасту” даркор асту на ба “Парасту” театри мо”. Зеро, ба гуфтаи Табаров, намоишномаҳое, ки имрӯз барои озмун пешниҳод мешаванд, аз ҷиҳати мазмуну муҳтаво ба шартҳои он ҷавобгӯ нестанд.

“Ҳар як намоиши пешниҳодшударо мебоист, то бо ҳунарнамоии касбӣ ва баррасии мавзӯъҳои рӯз манзур мегашт, вале аксари намоишномаҳо ба ин талабот ҷавоб намегӯянд.

Масъулин бояд дарк кунанд, ки саҳнаи онҳо моли санъат бошад. Чун дар аксар ҳолат асарҳои саҳнавии ба фестивал пешниҳодшуда чунин нест. Пас, аз куҷо касбият ва бадеиятро талаб кунем?”,-мегӯяд раиси ҳакамони фестивал Маҳмадулло Табаров.

Ба мушоҳидаи ҳакамон баъзе ҳунармандоне, ки барои ширкат дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – «Парасту — 2021» аз минтақаҳо ба пойтахт меоянд, “дар як ҷомадон чанд либос барои худ доранду либоси саҳнавию ҷиҳози саҳнавияшон ба гӯшаи фаромушӣ афтодааст”. Дар ин маврид, ҳамсуҳбати мо Маҳмадулло Табаров мегӯяд, ки бо ин амалкард “мо ба чашми тамошобин хок зада, ба таври оҷилӣ либосу ҷиҳози саҳнавӣ месозем. Вақте тамошобинро фиреби назар медиҳем, чӣ гуна метавон хулоса намуд, ки саҳнаи манзуршуда тарбиятгари ҷомеа аст”?

Ҳадафи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту — 2021» рушди драматургияи миллӣ, санъати театрии мамлакат, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармандон, рассомон, бастакорон, ҳисси ифтихори ватандӯстиву ватанпарастӣ ва анъанаҳои хуби таърихию фарҳангӣ арзёби мешавад.

Аммо дар як мизи мудаввар ҳунарманд Давлат Убайдуллоев гуфт, ки “аз “Парасту”-и солҳои гузашта то ба “Парасту”-и имсола дар саҳнаҳои пешниҳодшуда ҳеҷ ҷустуҷӯйи нав, шакли нави асарофарӣ ба чашм намерасанд”. Ба таъкиди ӯ, ин омил аз танбалии масъулини театру ҳунармандон башорат медиҳад. “Ҳатто, ҷавонони имрӯзи театр ба пешаи худ дасту дили гарм надоранд, саводашон барои дарку ҳалли саҳнаҳои театри кофӣ нест. Бадбахтӣ дар он аст, ки ҷавонони мо (ред. ҳунармандони ҷавон) на хатту саводи тоҷикӣ доранд, на русӣ ва на саводи ихтисосӣ”,-гуфт Давлат Убайдуллоев.

Бояд гуфт, ки дар ин мизи гирд, ки бо ташаббуси Вазорати фарҳанг доир гашт, аз тарафи ҳайати ҳакамон ба ин Вазорат пешниҳод гардид, ки бояд тавассути дарсҳои махсус коргардонҳои минтақавиро аз кори худашон огоҳ кард.

Гулрӯ Ниёзова
Радиои “Тоҷикистон”

Акс аз Интернет