Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд дар як мулоқот бо роҳбарони хатсайрҳои нақлиётӣ, намояндагони БДА ва бахши нақлиёти мақомоти шаҳрдорӣ аз бениқоб савор шудани мусофирон изҳори нигаронӣ кардааст.
Намояндагони марказ изҳор доштаанд, ки ҳарчанд аз оғози соли равон ягон ҳолати сироятёбӣ ба бемории COVID-19 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашуда бошад ҳам, аммо набояд фориғбол буд, зеро дар як қатор кишварҳои Аврупо ва давлатҳои ҳамсоя шакли нави бемории короновирус бошиддат паҳн шуда истодааст.
Ҳамчунин, таъкид гашт, ки ҳарчанд вазъи эпидемологӣ дар шаҳри Хуҷанд зери назорати қатъии Марказ қарор гирифта, кормандони он корҳои фаҳмондиҳиро ба роҳ мондаанд, вале “мутаассифона, имрўзҳо дар нақлиёти ҷамъиятӣ ҳолати бениқоб савор шудани мусофирон ва бидуни ниқоб идора намудани нақлиётҳои ҷамъиятӣ аз тарафи ронандагон мушоҳида мешавад”. Аз ин рӯ, «масъулинро зарур аст, ки сари ин масъала чора андешанд»,-менависад сомонаи Вазорати тандурустӣ дар шарҳи ин гузориш.
Бояд гуфт, ки чанде пеш вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон овозаҳо дар бораи дубора ба кишвар баргаштани ҳолатҳои сироят аз коронавирус ва бистарӣ кардани чанд нафар дар шаҳри Хуҷандро беасос хонд.
Ҷамолиддин Абдуллозода дар як мусоҳиба ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки расман дар кишвар ягон бемори COVID-19 нест ва овозаҳои дубора ба кишвар баргаштани ҳолатҳои сироят аз коронавирус асоси воқеӣ надоранд. Вале, воқеият ин аст, ки дар ҷумҳурӣ якчанд ҳолатҳои гирифтории такрорӣ ба бемории илтиҳоби шуш (пневмония) ба қайд гирифта шудааст.