Рақобати дастаҳои Тоҷикистону Ироқ мусовӣ анҷом ёфт

24 май дар Варзишгоҳи “Ал-Файҳ”-и Ироқ тими мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Ироқ бозии дӯстона анҷом дод.

Ин рақобат дар доираи омодагӣ ба бозиҳои интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 оид ба футбол сурат гирифта, бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт. Дастаи Тоҷикистонро дар ин бозӣ бо роҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев Рустам Ятимов, Ваҳдат Ханонов, Давронҷон Эргашев, Аҳтам Назаров, Манучеҳр Сафаров, Абдулмуъмин Забиров (Зоир Ҷӯрабоев, 46), Муҳаммадҷон Раҳимов (Нуриддин Ҳамроқулов, 59), Эҳсони Панҷшанбе, Комрон Турсунов (Илҳом Баротов, 82), Шериддин Бобоев ва Рустам Соиров намояндагӣ доштанд.

Тавре дар сомонаи Кумитаи олимпӣ омадааст, дар сатҳи дастаҳои мунтахаб Ироқ ва Тоҷикистон маротибаи дуюм вохурданд. Дар бозии аввал, ки 3-юми августи соли 1999 дар доираи мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2000 дар Душанбе баргузор шуда буд, тими миллии Ироқ бо ҳисоби 2:1 ғалаба карда буд. Голи Тоҷикистонро он вақт Тоҳир Муъминов зада буд.

Хотирасон мекунем, ки тими миллии Тоҷикистон бозии навбатии рафиқонаашро дар доираи омодагӣ ба бозиҳои ҷамъбастии интихобӣ ба Чемпионати ҷаҳон-2022 29 май доир мекунад. Дар он рӯз шогирдони Усмон Тошев дар Варзишгоҳи Халид ибни Муҳаммад дар Шарҷа (АМА) муқобили тими миллии Тайланд бозӣ мекунанд. Вохурии дастаҳо соати 21:45 бо вақти Душанбе оғоз мешавад.