12 ноябри соли 2019-ум Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар ҷаласаи 40-уми Конфронси Генералии ЮНЕСКО дар масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Париж таъкид намуданд, ки тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он имрўзҳо яке аз мушкилоти ҷиддии замони муосир ба ҳисоб рафта, боиси обхезиву хушксолиҳои шадид мегардад, ки ин ба вазъи обу энергетика ва озуқаворӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Селу обхезиҳои рўзҳои охир бори дигар собит намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари ба тағйирёбии иқлим осебпазир ба шумор меравад. Ин аст, ки таҳаввулотҳои иқлимии кишвар пайваста зери назари ҳукумати кишвар қарор дошта аз ҷониби мутахассисони соҳа ба таври ҷиддӣ омўхта мешаванд.
Анвар Ҳомидов-коршиноси масоили ҳифзи муҳити зист мегуяд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста батағйирёбии иқлим «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои давраи солҳои 2020-2030» қабул намуд, ки дар доираи он ҳолати таъсири тағйирёбии иқлим ва роҳу усулҳои пешгирӣ аз онҳо ба нақша гирифта шудааст.
Умеда Юсуфӣ-корманди Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омадани селу боронҳои пуршиддат, зуд обшавии барфҳо, эрозияи обӣ, шўршавии заминҳо, шамолҳои сахт, хунукиҳои баҳорӣ, паҳншавии ҳашаротҳои зараррасон, норасоии об, тўфон ва гирдбодҳо, гармсел, хушксолӣ, бемориҳои растанӣ, таназзулёбии заминҳоро аз пайомадҳои тағйирёбии иқлим медонад ва мегўяд, ки таъсири тағйирёбии иқлим дар кишвар соли 2021 нисбат ба солҳои қаблӣ бамаротиб ба чашм мерасад аз 8-уми май инҷониб омадани селу фаромадани ярч бамаротиб зиёд гардид. Ба андешаи ин ҳамсуҳбати мо танҳо дар чор моҳи аввали соли 2021-ум теъдоди ҳодисаҳои табиӣ дар кишвар марзи 100 ҳолатро убур кард
Яке аз сабабҳои паст кардани хисороти тағйирёбии иқлим, ин пешгўйиҳои иқлимӣ мебошад. Анвар Ҳомидов-коршиноси масоили ҳифзи муҳити зист мегуяд, ки пешгўйиҳои иқлимӣ дар асоси маҷмуи маълумотҳои бисёрсола, хусусан газҳои парникии таркиби ҳаво муайян карда мешавад.
Ба хотири паст намудани пайомадҳои манфии тағйирёбии иқлим ва мутобиқ сохтани соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, аз қабили кишоварзӣ, саноат, энергетика, иқтисод ба тағйирёбии иқлим якчанд омил мавҷуд аст. Ҳамсуҳбати мо коршинос Анвар Ҳомидов мегўяд, ки ҳадафи ин омилҳо таҳким бахшидани рушди устувор дар шароити тағирёбии иқлим мебошад.
Тибқи нишондодҳои оморӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 200 млн. нафар аҳолии сайёра аз офатҳои табиӣ зарар мебинанд. Ба андешаи Умеда Юсуфӣ-корманди Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар тайи се соли охир мавзеъҳои осебпазир зиёд гашта теъдоди он аз 600 то ба 1471 адад расидааст. Ин ҳамкаломи мо омили аслии зиёд гаштани мавзеъҳои осебпазирро ба фаъолияти шаҳрвандон рабт медиҳад.
Воқеан ҳам тамиз накардани гирду атроф ва истифодаи нодурусти захираҳои табиӣ боиси тағйир ёфтани иқлим гардидааст. Бино ба иттилои коршиносони соҳа ва ҳамзамон мушоҳидаҳои бисёрсоли обуҳавошиносӣ нишон медиҳад, ки дар давоми 60 соли охир ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво дар Тоҷикистон то 1°С баланд шуда, шумораи рўзҳои боришоти сел афзудааст ва офатҳои табиии марбут ба об, ки хисороти иқтисодии онҳо дар навбати худ имкониятҳои кишварро барои ноил шудан ба рушди устувор коҳиш медиҳад, зиёд гардидааст. Пас бикўшем, то бо баланд намудани маърифати экологӣ худу атрофиёнро аз пайёмади ногувори тағйирёбии иқлим ҳифз намоем!
Муродулло Раҳимов,
Радиои “Тоҷикистон”