Исроилу Фаластин оташбас намуданд. Ҳарду ҷониб аз пирӯзиву дастовард мегӯянд

Ба гузориши расонаҳои байналмилалӣ аз рӯзи ҷумъа оташбас байни Исроил ва фаластинҳо дар Ғаза шуруъ гардид. Пас аз 11 рӯз даргирии хунин, билохир бо миёнаравии ҷомеаи ҷаҳонӣ муваффақ ба оташбас байни ҷонибҳо шуданд.

Гуфта мешавад, ки ин оташбас аз соати дуи шаб ба вақти Фаластин ба ҳукми иҷро даромад. Тиқби оморҳои интишоршуда, дар задухурди 11-рӯза 232 нафар дар Ғаза ва 12 нафар дар Исроил кушта шуданд ва беш аз 50 ҳазор нафар низ маҷбур шуданд хонаҳои худро тарк кунанд. Расонаҳо навиштанд, ки пас иҷрои оташбас сокинони Ғаза бо хушҳолӣ ба кӯчаҳо баромада, инро ҷашн гирифтанд.

Сиёсатмадрон ва чеҳраҳои маъруфи олам аз иҷрои оташбас истиқбол намуданд. Аз ҷумла Ҷо Байден,президенти Амрико гуфтааст, ки “як фурсати воқеӣ барои пешрафт дорем”. Тиқби гузоришҳо барои расидани ба оташбас нақши Миср барҷаста будааст. Миср дар рузҳои ахир ҳайатеро барои барқарории оташбас ба Телавив ва Ғаза фиристода буд.

Аз ин пеш Ҳукумати Исроил расман эълон карда буд, ки ҷаласаи кобинаи амниятии ин кишвар бо барқарории оташбас мувофиқат кард. Ҳарчанд аз амалкарди хунини Исроил дар раванди даргириҳо боди интиқод фазои иттилоотиро фаро гирифта буд, мақомоти исроилӣ амалиёти ҷангии 11-рӯзаро “дастовардҳои бесобиқа” номиданд. Дар муқобили ин даъво, ҷониби дигари низоъ, Ҳаракати муқовимати исломӣ – “Ҳаммос” иддао кард, ки “тан додан”-и Исроил ба оташбас, “фирор аз майдон дар баробари ҳамосаи пирӯзии муқовимат аст”.