Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар дар дохили автомошинаи Абдуғафорзода Сайраҳмон 983 гр моддаи психотропии навъи “Метамфетамин” дарёфт ва мусодира намуданд.
Ба навиштаи Агентӣ, номбурда дар манзили зисташ (ш. Ҳисор) зиёда аз ду килограмм моддаҳои психотропиро ғайриқонунӣ нигоҳ медошт ва як қисми дар боло нишондодаро мехост ба ноҳияи Сино интиқол диҳад.
Ба ҳамин монанд, кормандони Агентӣ аз ҳуҷраи меҳмонхонаи сокини дигари шаҳри Ҳисор Зокиров Ҳошимҷон 4 адад дастгоҳи нави омодасозии афшура ёфт гардид, ки дар дохили онҳо 4,21кг моддаҳои психотропии “Метамфетамин” бозёфт ва мусодира карда шуд.
“Айни ҳол, нисбати номбурдагон Зокиров Ҳошимҷон ва Абдуғафорзода Саидраҳмон бо аломатҳои моддаи 200 қисми 4 банди “Д” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад”,-илова кардааст манбаъ.
Бояд гуфт, ки “Метамфетамин”- яке аз намудҳои синтетикии маводи нашъадор буда, он намуди тағйирдодашудаи “амфетамин” мебошад ва шиддатнокии қавитару зудтаъсиркунандаро нисбат ба дигар маводҳои нашъаовар дорад.