Насби 7 адад стансияи автоматикии метереологӣ. Оё пешгӯиҳо дақиқтар хоҳанд шуд?

Ба иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зист, бо мақсади мукаммалсозии низоми мониторинги боду ҳаво дар давоми як соли охир 7 адад стансияи автоматикии метереологӣ насб гардиданд. Дар ин бора сомонаи расмии Кумита хабар додааст.

Дар хабар гуфта мешавад, ки “бо ҷалби маблағҳои грантии лоиҳаи минтақавии “Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он дар ҳавзаи баҳри Арал” (CAMP4ASB) 7 адад стансияҳои худкори (автоматикии) метеорологӣ дар ҳудудӣ ҳафт ноҳияи ҷумҳурӣ, аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои Варзоб, Роғун ва Турсунзодаи тобеъи ҷумҳурӣ, Шамсиддини Шоҳин, Данғара ва Темурмалики вилояти Хатлон ва Дарвози ВМКБ барои Агентии обуҳавошиносӣ дастрас ва насб карда шуданд.”

Ба иттилои манбаъ ҳамаи стансияҳои насбгардида тамғаи AWS-310 “VAISALA-Finland” буда, дар онҳо аз рӯи мушаххасоти зерин мушоҳидаҳои ҳавосанҷӣ гузаронида мешаванд:

  • Суръати шамол
  • Самти шамол
  •  Ҳарорати ҳаво
  •  Намнокии ҳаво
  •  Фишори атмосферӣ
  • Миқдори боришот
  • Радиатсияи офтоб
  • Баландии қабати барф

Масъулини Кумита умедворанд, ки ин чораҳо ҷиҳати мукаммал гаштани мониторинги боду ҳаво, назорати давлатии ҳифзи муҳити зист, таъмини бехатарии экологии аҳолии ҷумҳурӣ пайваста такон тоза хоҳад дод. Дар воқеъ чанд сол пеш аз дақиқ пешгӯӣ нашудани ҳарорати ҳаво интиқодҳо садо медоданд, аммо дар солҳои ахир ба ин мавзуъ назарҳои манфӣ дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ қариб дида намешавад.