Ду оила зери ярч монда, 5 нафар ҳалок шуданд

Бар асари фаромадани ярч дар ноҳияи Деваштич панҷ нафар ба ҳалокат расиданд.

Ба иттилои КҲФ ҳодиса 17 май ногаҳонӣ рӯх дода, дар натиҷа соҳиби хона, модари хонадон бо ду фарзанди 10 ва 11 солаашаш ва ҳамсоязани 21-сола ҳамроҳ бо фарзанди ширхорааш, ки зери лой монда буданд, ҳалок шудаанд.

Сабаби он  бунёди боғ дар теппаи хона гуфта шудааст. Яъне, “соҳиби боғ теппаи паси хонаи худро аз ниҳолҳо сабз кардаву қоидаҳои бехатарӣ ва агрономии обёриро риоя накардааст. Оби зиёд тадриҷан заминро нарм кардаву теппа лағжидааст”.

Аз ин рӯ, КҲФ аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки зимни амалӣ кардани тарҳҳои бунёдкории худ бо мутахассисон маслиҳату машварат намоянд ва барои таъмини амнияту бехатарии худ сари вақт тадбирҳо андешанд.