Таъмини фаровонӣ ва арзонӣ дар бозорҳо масъулияти вазорати кишовразӣ аст. (шарҳи матбуот)

        Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои СААД дар Душанбе, афзоиши нархи равғани растанӣ ва сабзӣ дар бозорҳои Тоҷикистон, дастури БМТ ба бонкҳр ҷиҳати қонеъ кардани ниёзи муштариён бо асъори хориҷӣ ва нахустин пирузии тими футболи “Истиқлол” дар бозиҳои лигаи қаҳрамонони Осиё аз мавзуҳои асосии мавриди таваҷҷуҳи нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.

“Ҷумҳурият”

      Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 28 апрел навишт, ки рӯзи 27 апрел дар Душанбе таҳти раёсати вазири мудофиа Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД)  баргузор гардид.

  Ба навиштаи рӯзнома дар ин нишаст созишнома дар бораи салоҳият ва расондани ёрии ҳуқуқӣ дар ҳолатҳои марбут ба ҳузури муваққатии қувваҳо ва воситаҳои системаи амнияти дастаҷамъӣ дар қаламрави кишварҳои узви СААД, нақшаи чорабиниҳо бахшида 20-солагии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, рушди минбаъдаи ҳамкории ин созмон бо ИДМ ва СҲШ, муҷаҳҳаз кардани неруҳои дастаҷамъии вокуниши сареи СААД бо аслиҳаи муосир, техникаи низомӣ ва махсус, воситаҳои махсус, нақшаи омодагии муштараки мақомоти фармондеҳӣ ва ташаккули неруҳо ва воситаҳои системаи амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ барои соли 2022 маъқул дониста шуданд.

        Инчунин дар ҳошияи ин нишаст, мулоқоти вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва вазири мудофиаи Федератсияи Россия Сергей Шойгу баргузор шуда, баъдан байни ду кишвар Созишнома дар бораи ташкили системаи ягонаи минтақавии мудофиаи зиддиҳавоӣ ба имзо расид.

      “Ҷумҳурият” дар матлаби дигаре хабар додааст, ки ахиран Маҷлиси намояндагон тарҳи қонунеро ба тасвиб расонд, ки дар асоси он ҷарима барои риоя накардани меъёрҳои Қонуни «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» зиёд карда мешавад.

  Ба навиштаи рӯзнома бар асоси лоиҳаи қонун барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур ба шахсони воқеӣ ба андозаи як саду даҳ, ба шахсони мансабдор ба андозаи панҷсаду панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

Ҳамчунин, барои шахсони воқеӣ, мансабдор ва ҳуқуқӣ, ки замони эълони вазъи фавқулода дар кишвар дар робита ба паҳншавии пандемияи коронавирус дастурҳои ситоди ҷумҳуриявиро вобаста ба баргузории ҷашну маросим риоя намекунанд, ба ин монанд ҷаримаҳо ҷорӣ мешаванд.

“Садои мардум”

     Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 29 апрел дар бо нашри матлабе ин саволро матраҳ кардааст, “Равғанро чӣ тавр фаровону арзон бояд кард?” Академики  Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Толиб Набиев гуфтааст, ки  офтобпараст яке аз маъмултарин зироатҳои равғандор дар ҷаҳон маҳсуб шуда, сеяки  аҳолии ҷаҳон равғани офтобпараст истеъмол мекунанд, лекин дар Тоҷикистон онро то ҳол  ҳамчун зироати силосӣ истифода мебаранд.        Ба гуфтаи академик Толиб Набиев вақти он расидааст, ки офтобпарастро ҳамчун зироати равғандор истифода  барем,  зеро дар таркиби донаи офтобпараст то 55 дарсад ва дар мағзи донааш то 70 дарсад равғани аълосифат мавҷуд аст.  Илова ба равған, аз мағзи донаи офтобпараст ҳалво , аз кунҷораи он хӯроки серғизои чорвою мурғ истеҳсол карда, пояашро ҳамчун сӯзишворӣ истифода мебаранд.

     Ба хулосаи Академик Набиев сарварони корхонаҳои равғанкаширо зарур аст, ки бо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ дар хусуси харидани офтобпараст, зағир, соя, рапс ва маъсар шартнома  банданд, зеро танҳо бо чигит пеш бурдани фаъолияти корхонаҳои равғанкашӣ нишонаи ноогоҳию ақибмондагии сарварони корхонаҳои соҳа  аст. Яъне дар сурати аз якчанд зироати равғандор ба роҳ мондани фаъолияти корхона истеҳсоли маҳсулот зиёду даромаднокӣ бештар шуда, вобастагии ҷумҳурӣ аз воридоти равған кам ва нархи он арзонтар хоҳад шуд.

    Нашрия “Садои мардум” дар матлаби дигаре бо номи “Қарзи зиёд ва техникаҳои фарсуда.” Ин саволро матраҳ кардааст, ки мушкилоти иттиҳодияи беҳдошти замин ва обёрӣ дар минтақаи Кӯлоб кай ҳал мешавад? Ба навшати  муаллиф норасоии оби полезӣ, сари вақт тоза накардани заҳбуру заҳкашҳо аз мушкилотест, ки ҳар сол дар фаслҳои баҳору тобистон кишоварзону хоҷагидорони минтақаи Кӯлобро ба ташвиш меорад.

  Сардори Иттиҳодияи беҳдошти замин ва обёрӣ дар минтақаи Кӯлоб Амирхон Маҳсуддинов, гуфт, ки сабаби ин ҳолат  пардохт нашудани ҳаққи истифодаи оби полезиро аз сӯи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кишоварзон мебошад.

   Ба гуфтаи вай соли сипаришуда ба кишоварзону хоҷагидорон ба маблағи 430 млн. 236 ҳазор сомонӣ оби полезӣ расонида шудааст, аммо аз сабаби напардохтани пули оби полезӣ ин иттиҳодия аз Шабакаҳои барқ 10 миллиону 206 ҳазор сомонӣ ва нозироти андоз 2 миллиону 618 ҳазор сомонӣ қарздор мебошад.  Дар баробари ин ба ҳамин далел аз 71 техника ва мошинолоти Иттиҳодияи беҳдошти замин ва обёрӣ дар минтақаи Кӯлоб танҳо 37-тои он  фаъол буда, боқимонда корношояманд.

“Тоҷикистон”

       Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 28 апрел маводи таҳлилие сабабҳои афзоиши нархи маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус гушт, картошка ва ахиран сабзӣ дар бозорҳои кишварро баррасӣ кардааст.  Ба навиштаи муаллиф яке аз омилҳои асосии ин ҳолат, ки ҳамасола мушоҳида мешавад, ин беамалии вазорати кишоварзӣ дар таҳлили ниёзҳои бозори истеъмолӣ ба маҳслуоти ниёзи аввал аст. Муаллиф таъкид мекунад, ки  ниҳоди мазкур ҳамасола бояд вазъи бозори истеъмолиро баррасӣ карда, вобаста ба ниёзҳои дохилӣ майдонҳои кишти картошка, пиёзу сабзӣ дар кишварро мушаххас карда, мизони содироти ин маҳсулотро ба хориҷи Тоҷикистон низ муаян кунад.

Дар мавриди истеҳслои гушт бошад, муаллиф ба ин назар аст, ки дар болоравии нархи он қассобон гуноҳе надорад, зеро коҳиши саршумори чорво боиси ин ҳолат шудааст. Муаллиф таъкид мекунад, ки сабаби асосии ин ҳолат бе чарогоҳ мондани чорводорон аст, ки аксари онҳоро сарватмандон харида, мардуми деҳқон аз он маҳрум шудаанд.

“Asia-Plus”

       Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 29 апрел дар сармақолаи худ навишт, ки “Дар Тоҷикистон доллар зиёд шуд.” Муаллиф дар ин мақола менависад, ки баъди дастури Бонки миллии Тоҷикистон дар бонкҳои тиҷоратии кишвар асъори хориҷӣ фаровон шуд.  Хабарнигори нашрия менавсиад, дар воқеъ зимни муроҷеат ба шуъбаи бонкҳои тиҷоратӣ дар пойтахт барои харидории доллари амрикоӣ маълум шуд, ки ҳар як нафар имкон дорад то 1000 доллар бе мамоният харидорӣ кунад.

   Ба гуфтаи муаллиф яке аз омилҳои фаровонии доллар дар Тоҷикистон ин аст, ки дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ барои аввалин бор дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар тавозуни тиҷорати хориҷӣ мусбат шуда, ҳаҷми содирот аз воридот 105 млн доллар бештар аст.

“Фараж”

     Ҳафтаномаи “Фараж”  дар шумораи рӯзи 28 апрел дар мақолае бо номи “Сарбозшикор” сабаб ва омилҳои саркашии бархе ҷавонон аз хизмат дар сафи артишро баррасӣ кардааст. Ба навиштаи муаллиф сабаби аввали чунин ҳолат хотираи нохушоянд аз шароити хизмат дар артиш пас аз ҷанги шаҳрвандӣ аст, ки он замон шахсони тасодуфӣ дар қуваҳҳои мусаллаҳ зиёд буданд. Дуввум ба навиштаи муаллиф ҷой доштани ҳолатҳои сарбозозорӣ ё худ “дедавшина” дар артиш аст, ки то ҳол пурра аз байн нарафтааст.

     Аз сӯи дигар ба навиштаи муаллиф то замоне, ки ба масъалаи даъвати ҷавонон бархурди ҳуқуқӣ сурат нагирад, масъулият зиёд намешавад. Ҳоло он кӣ саркашӣ аз хизмат дар сафи артиш кидори ҷиноист ва қонунгузорӣ барои он ҷазо дар намуди ҷарима ва ё ба муддати то ду сол маҳрум намудан аз озодӣ муаян кардааст.

   Дар баробари ин муаллиф менависад, омили дигар таъмин нашудани адолати иҷтимоӣ аст, зеро  аксари мардум бар ин ақидаанд, ки дар артиш танҳо ҷавонон аз оилаҳои камбизоат хизмат мекунанд.

“СССР”

    Ҳафтаномаи “СССР” дар шумораи рӯзи 29 апрел дар мақолае бо номи “Аз Газпром то Ҳаҷпром???” аз инҳисори хадамоти сафарбарии зоирони тоҷик  ба ҳаҷи умра  дар кишвар изҳори нигарони кардааст. Муаллифи матлаб навиштааст, ки маблағи сафари ҳаҷи умра аз Тоҷикситон дар қиёс ба кишвраҳои ҳамсоя ба маротиб зиёдтар буда, бар иловаи ин шароити буду бош барои зоирони тоҷик дар Арабистон низ беҳбудӣ мехоҳад. Ба хулосаи муаллиф сабаби чунин ҳолат он аст, ки дар Тоҷикистон танҳо ду ширкат иҷозаи сафрабарии зоирон  ба ҳаҷи умра доранд, яъне монополист ҳастанд ва табиист, ки бе рақобат нархҳо поён намераванд.

   Нашрияи “СССР” дар матлаби дигаре бо номи “Қаҳрамони даврони мо” бо ишора пирӯзии таърихии тими футболи “Истиқлол”-и Тоҷикистон  бар дастаи футболи “Ал-Ҳилол”-и Арабистони Саудӣ дар Лигаи қаҳрамонони Осиё навишт, ки ин пирӯзи футболи тоҷикро барои ҷаҳониён муаррифӣ кард.  Дар ин росто муаллиф аз қавли масъулини ФФТ навиштааст, ки онҳо талош доранд то мунтахаби Тоҷикистон то ба Ҷоми Ҷаҳонии футбол дар соли 2030 ворид шавад.

Давлатов О.,

Радиои “Тоҷикистон”