Бегоҳии 14 май бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корвони мошинҳои пурбори масолеҳи сохтмонӣ ба мардуми зарардида аз офати табиии деҳаи «Ииттифоқ»-и Ҷамоати деҳоти «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и ноҳияи Вахш дастрас карда шуд. Дар ин бора Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Дирӯз ҳамчунин мулоқоти муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ва Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо зарардидагон аз офати табиӣ дар деҳаи «Иттифоқ»-и ноҳияи Вахш сурат гирифт.
Раиси вилояти Хатлон аснои мулоқот бо сокинон гуфт, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ шаҳрчаи нави замонавӣ бунёд мегардад.
Имрӯзҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба сокинони аз офатҳои табиӣ зарардидаи вилояти Хатлон кумакҳои моддӣ расонида шуда истодаанд.
Рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар ноҳияи Вахш ҳашари вилоятӣ ҷиҳати рафъи оқибатҳои офати табиӣ сурат мегирад.
Ёдрас мешавем, ки бар асари сели шаби 11 май дар деҳаи Иттифоқи ноҳияи Вахш якчанд манзили зист пурра хароб гардида, заминҳои наздиҳавлигӣ, иншооти ёрирасон, майдонҳои кишт аз лой пур шуданд.