Бо мақсади анҷом додани амали хайрия ва расонидани кумак ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи минтақаи Кӯлоб дар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» суратҳисоби махсус кушода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» иттилоъ доданд.
Хоҳишмандон, шахсону хайрхоҳу саховатманд ва эҳсонкор метавонанд кумакпулии худро ба суратҳисобҳои зерин ирсол намоянд:
бо пули миллӣ-сомонӣ: 26202972700515457000
бо рубли русӣ: 26204810800517457000
бо доллари ИМА: 26204840800516457000
Боронҳои пайдарпаи шадид ва омадани сел дар бархе аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла шаҳри Кӯлоб хисороти зиёди молӣ ба бор оварда, талафоти ҷонӣ низ ба қайд гирифта шуд. Бо мақсади бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб шоми 11 май бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Рустам Назарзода ба маҳали аз офатҳои табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Муъминободи вилояти Хатлон сафарбар гардиданд, то дар ҷои ҳодиса мушкилоти мардуми зарардидаро ҳал намоянд.