Тоҷикистон коғазҳои қиматбаҳоро ба фурӯш мебарорад

Ҷумҳурии Тоҷикистон барои танзими қарзи давлатӣ ба миқдори як миллиард сомонӣ вексел ё коғазҳои қиматбаҳоро ба фурӯш мебарорад.

Ин нуктаро Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, зимни муаррифии тарҳи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматбаҳои давлатӣ, ба вакилон гуфта, ишора кард, ки мӯҳлати хидматрасонии онҳо 9 сол, яъне то 2030 ва бо 2 фоизи солона пешбинӣ шудааст. Вакилони Маҷлиси Намояндагон аз ин тарҳ, ки аз сӯйи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, ҷонибдорӣ карданд.

Дар қарор ҳадаф аз нашри векселро “танзими қарзи давлатӣ” дар Тоҷикистон гуфта, бино бар ин қарор, векселҳо дар бозори дохилии Тоҷикистон ба фурӯш гузошта мешаванд.

Ба андешаи узви кумитаи Маҷлиси Намояндагон оид ба иқтисод ва молия Фозил Обидзода пешниҳоди мазкур ба моддаи 57 ва 75-и Каниститутсияи Тоҷикистон  мутобиқ мебошад.

Ба ин тартиб, Вазорати молия вазифадор шудааст, нашру фурӯши векселҳои давлатиро ба роҳ монад ва механизми муомила бо онҳоеро, ки вексел мехаранд, муқаррар кунад. Вале сокинони кишвар дар мавриди вакселу вомбаргҳо хотираи хуш надоранд, зеро солҳои 90-ум қисме аз маоши кормандони буҷетиро бо векселу вомбаргҳо мепардохтанд, ки дар ниҳоят на ҳама маблағи онро бозпас гирифтанд.

Саидов Ш.,

Радиои “Тоҷикистон”