Имсол Иди саиди Рамазон Дар Тоҷикистон рӯзи панҷанбе, 13 майи соли 2021 таҷлил карда мешавад.
Дар ин бора Қарори Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст ва гуфта мешавад, ки вақти баргузории намози ид соати 06:00 буда, имомхатибон вазифадор карда шудаанд, ки барои расонидани кӯмакҳои моддӣ ба ниёзмандон, инчунин пешгирии исрофкориҳо дар рӯзи ид ва сарфаю сариштакорӣ мардумро ҷалб намуда, худ намунаи ибрат бошанд.
Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шахсоне, ки молашон ба нисоб расидааст, даъват кардааст, то закоти худро дар баробари ниёзмандону фақирон ба шаҳидони дар роҳи ҳифзи марзу буми Ватан қурбоншуда ва ба оилаҳои онҳо расонанд. Арзиши закот ба ҳар нафари оила 6 сомониро ташкил медиҳад.