Имсол даври якуми озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” 12 май оғоз мешавад.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додаанд, имсол даври якуми озмун дар минтақаҳо аз вилояти Суғд оғоз гашта, дар 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят то 23 июни соли ҷорӣ давом мекунад. Ин давр дар вилояти Хатлон аз 17 май то 21 июни соли 2021 дар 25 шаҳру ноҳия ва дар 13 шаҳру ноҳияи НТҶ аз 20 май то 23 июн давом мекунад.
Ба маълумоти вазорат, даври якуми озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе рӯзҳои 20 май то 8 июн ва дар ҳашт ноҳияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 1 июн то 22 июн баргузор мешавад.
Хотирасон мекунем, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2021 баргузор карда мешавад.
Тибқи Низомнома, озмун бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд гузаронида мешавад.
Мазмун ва ғояи асосии суруду оҳанг ва асарҳои мусиқиро, ки ба озмун пешниҳод мешаванд, тараннуми шахсиятҳои барҷастаи халқи тоҷик, дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ, арҷ гузоштан ба анъанаҳои милливу мероси пурғановати ниёгон дар бар мегирад.