Президенти ИМА Ҷо Байден изҳори умедворӣ кардааст, ки бо ҳамтои худ Владимир Путин вомехӯрад.
Ин дидор эҳтимолан моҳи июн дар Аврупо сурат бигирад ва умедвории худро Ҷо Байден зимни нишасти матбуотӣ дар Қасри сафед изҳор намудааст. Тавре нашрияи “Ҷумҳурият” бо такя ба расонаҳои рӯсӣ менависад, нимаи аввали моҳи июн аввалин сафари хориҷии Ҷо Байден ба симати Президент ба Аврупо дар назар аст. Аввал ӯ ба Британияи Кабир ва сипас ба Белгия меояд. Сарвари Департаменти давлатии ИМА Энтони Блинкен гуфт, ки агар вохӯрии Байден бо Путин баргузор шавад, манфиатовар хоҳад буд.
Ба иттилои манбаъ, чанде қабл котиби матбуоти Президенти ФР Дмитрий Песков дар бораи пешниҳоди амрикоиҳо ҷиҳати баргузоршавии вохӯрии сарварони ИМА ва Россия дар яке аз мамлакатҳои Аврупо хабар дода буд.
Бояд ёдовар шуд, ки дар охири соли гузашта сухангӯйи президенти ФР Дмитрий Песков дар посух ба саволи рӯзноманигорон гуфтааст, ки Кремл то ҳанӯз ҳеҷ як тағйироти мусбиро аз тарафи ҳамтоёни нави амрикояш эҳсос намекунад. «Тавре мебинед, то ҳол ИМА таҳримҳои худро нисбати мо набардоштааст ва мо ҳеҷ як ҳаракати умедворкунандаро аз президенити нави ИМА Ҷо Байден надида истодаем», – гуфтааст сухангӯйи президенти ФР Дмитрий Песков.