Дар муддати як моҳ тамоми манзилҳои истиқоматии харобгардида ва осебрасидаи сокинони наздимарзӣ пурра бунёду барқарор гардида, бо маводи зарурии рӯзгор таъмин карда мешаванд.
Вобаста ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дастур додаанд ва айни замон дар шаҳри Исфара ситоди корӣ ҷиҳати барқарорсозии хонаҳои истиқоматии минтақаҳои наздимарзӣ шабонарӯзӣ фаъол буда, дар ин самт чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд.
Тавре “Ховар” бо такя ба хадамоти матбуотии вилоят мегӯяд, раиси вилоят зимни мулоқот бо сокинони ин минтақа қайд намудааст, ки давлат ва ҳукумат дар паҳлуи мардум аст ва мо бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якҷо бо шумо тамоми биноҳоро бунёду барқарор месозем.
Ба иттилои манбаъ, бино ба таъкиди сокинон, хонаҳои онҳо аз тарафи шаҳрвандони кишвари ҳамсоя бадқасдона оташ зада шуда, сипас наворбардорӣ гардидаву дар шабакаҳои иҷтимоӣ интишор дода шуданд.
Бояд гуфт, ки ҳамчунин, аз номи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оилаи шахсони дар натиҷаи муноқишаҳои мусаллаҳонаи марзӣ фавтида ба миқдори 70 ҳазор сомонӣ, дар маҷмӯъ 700 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ супорида шуд.
Ҳамзамон, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи далатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба манзили шахсони дар натиҷаи муноқишаҳои мусаллаҳонаи марзӣ ҳалокшуда рафта, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба наздикону пайвандони шаҳидон таъзия баён карданд.