Бахшида ба Рӯзи Шашмақом ва эълон гардидани “Душанбе – пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021” дар Амфетиатри боғи ба номи А. Фирдавсии пойтахт соати 17:00 барномаи консертӣ доир мегардад, ки даромад озод аст.
Бино ба маълумоти Кумитаи телевизион ва радио дар барномаи консертӣ ансамбли «Шашмақом»-и ба номи Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ансамбли рақсии “Гулрез” ҳунарнамоӣ карда, меҳмонон аз сохторҳои гуногуни Кумитаи телевизион ва радио, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳо даъват шудаанд.
12 майи соли 2000 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди минбаъдаи санъати Шашмақом ба ансамбли «Шашмақом»-и ба номи Фазлиддин Шаҳобов мақоми давлатӣ доданд. Ҳамзамон, 7 ноябри соли 2003 бахши фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид — ЮНЕСКО Шашмақомро шоҳкории бузурги мусиқии ҷаҳонӣ ва ёдгории маънавии инсоният эълон намуд.
Маврид ба ёдоварист, ки ҳамасола 12 май дар Тоҷикистон Рӯзи Шашмақом – баландтарин арши санъати мусиқии классикии тоҷик таҷлил карда мешавад.
Инчунин, 21 марти соли ҷорӣ маросими ифтитоҳи расмии эълон гардидани “Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021” баргузор гардид. Барномаи байнидавлатии “Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод”, яке аз лоиҳаҳои калидии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буда, бо мақсади муаррифии фарҳангу тамаддун, имкониятҳои сайёҳӣ, тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва таҳкими ҳар чӣ бештари зарфиятҳои фарҳангии давлатҳои мазкур ҳамчун майдони зеҳнию эҷодӣ, ғояи фазои ягонагии фарҳангӣ ва гуфтугўи тамаддунҳо роҳандозӣ карда шудааст.