Ҳаводиси ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар ҷомеаи ду кишвар сару садои зиёде барангехт ва ин моҷаро дар расонаҳои ҳар ду давлат ба таври густурда инъикос гардид. Сомонаи “Рӯшноӣ” як рӯзноманигори худро ба маҳалли ин баҳсҳо фиристод. Ҳадафи ин сафарба марзи Тоҷикистону Қирғизистон, дақиқан, деҳоти Хоҷаи Аъло, Ворух ва суҳбатҳо бо афроде, ки аз оғоз дар ин баҳс шариканд, дарёфти посух танҳо ба як суол буд: мақомоти раддаи аввал ва афкори умум дар ду кишвар мутааҳҳид ба ҳалли мусолиматомези баҳсанд, аммо чӣ нерӯҳое низоъ меофаранд?
Дар ин марз “ҷангҳои пинҳон”–и тамомайёр ҷараён доранд. Ин бозиҳои истихборотӣ ба ҳамон ҷанҷоли аввал (соли 1989) бармегарданд ва мерасанд ба ҳодисаи кушта шудани як сокини Ворух аз тири марзбони қирғиз дар соли 2004, насби парчами Қирғизистон дар Овчӣ Қалъача ва ё ҳам ҳодисаи соли 2014. Ин тавтиаҳо дуруст аз қабл тарҳрезӣ шуда, сипас, мавриди иҷро қарор гирифтаанд. Як нуктаи ҷолиб барои субути иддаои мазкур ин аст, ки замони тарҳрезии тавтиаи соли 2014 яке аз раҳбарони мухолифини Тоҷикистон аз Туркия ба Бишкек оварда шуда, таҳти ҳимояти вазири корҳои дохилии Қирғизистон қарор дошт. Мавориде ҳам зиёд буданд, ки талош карданд ҳатто музокироти миёни мақомоти ду кишвар барҳам хӯрад.
Аммо силсилаи ҳаводиси ахир, ки 13 ба 15 март иттифоқ афтоданд ва бо кушта шудани се шаҳрванди Тоҷикистону захмӣ шудани ҳудуди 40 нафар аз ду ҷониб анҷом ёфтанд, ҳалқаҳои як занҷир буданд ва нишонаҳои як тавтиаи тамомайёри истихборотӣ ва аз қабл тарҳрезишударо доштанд.
Тавтиаи қадам ба қадам
13 МАРТ. Қирғизҳо хилофи тавофуқоти қаблӣ сохтмони роҳи “Оқсой – Тамдиқ” (қисмати роҳи Кӯктош – Оқсой – Тамдиқ – Кишемиш)–ро, ки аз минтақаи баҳсӣ мегузарад, аз сар гирифтанд. Ин мӯҷиби рӯёрӯии хушунатомез миёни сокинони деҳоти Ворух ва Оқсой шуд. Сабаби задухӯрди марзбонони ду кишвар дар соли 2014 низ маҳз шурӯъи сохтмони ин роҳ буд. 27 августи ҳамон сол дар Бишкек ду кишвар протоколи №34–ро имзо карданд, ки бино ба он, сохтмони “Оқсой – Тамдиқ” (Қирғизистон) ва роҳи “Исфара – Ворух” (Тоҷикистон) бояд дар як вақт шурӯъ шаванд. Раҳбарони ду кишвар хеле пештар аз ин — соли 2008 тааҳҳуд супурда буданд, ки дар қаламрави баҳсӣ то замони таъриф ва аломатгузории марз ҳама гуна сохтмон манъ шавад. Қирғизҳо соли 2018 ҳатто нагузоштанд, ки дар дохили деҳаи Тоҷикони Ворух як чоҳи об бо маблағгузории Бунёди Оғохон канда шавад, аммо огоҳона даст ба сохтмони роҳи Оқсой – Тамдиқ заданд.
Мардуми ҷамоати Ворух, ки барои ҷилавгирӣ аз сохтмони роҳ эътироз карданд, аз сӯи сокинони Оқсой сангборон ва маҷбур шуданд даст ба иқдоми ҷавобӣ зананд. Бино ба иттилои онҳо, марзбонони қирғиз дар сафи пеши мардуми худ қарор доштанд, то он замон ки ҳамтоёни тоҷики онҳо омаданд ва ҳарду ҷониб даст ба дасти ҳам дода, мардумро пароканда карданд. Марзбонони қирғиз на дар ҷилавгирӣ, балки тақвияти муноқиша саҳм гирифтанд.
Аммо оташи низоъ дар дода шуд. Бино ба сенария, бояд ҷуғрофиёи тавтиа тавсиа меёфт. Ҳамон рӯз дар Хоҷаи Аъло, деҳаи дигари марзӣ низ миёни тоҷикону қирғизҳо сангандозӣ ба вуқӯъ пайваст, аммо ин ҷо силоҳи оташфишон истифода шуд. Омӯзгор Ҳусейн Ҳакимови 43–сола, яке аз фаъолон ва лидерони мардумии Хоҷаи Аъло, ба шаҳодат расид. Расонаҳо навиштанд, ки ӯ аз тири туфанги шикорӣ кушта шуд, аммо ҳамсeҳбатони мо бо истинод ба ташхиси тибби судӣ мегӯянд, ӯро тактирандоз ё снайпер аз миён бурдааст. Оё истихбороти Қирғизистон ӯро огоҳона пайгирӣ мекард?
14 МАРТ. Барои фурӯкаш кардани низоъ раисони вилоятҳои Суғд ва Бодканд сари мизи музокирот нишастанд. Ҳамсeҳбати мо, ки дар миёни ҳайати Тоҷикистон буд, мегӯяд, “ин вақт дар деҳаи Тоҷикон як милисаи қирғиз савори мошин миёни издиҳом пайдо шуда, ба тирандозӣ аз таппонча ба ҳаво оғоз ва пас аз шиллики 5 тир фирор кард. Ин кори ӯ миёни мардуми Оқсой ин сарусадоро барпо намуд, ки милисаи қирғизро тоҷикон заданд”. Ҳадаф барҳам задани музокирот буд, ки амалӣ шуд.
Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, он шабу рӯз дар Оқсой як гуруҳе амал мекард, ки либоси мулкӣ ба бар дошт ва мардумро таҳрик медод.
“Онҳо аз воҳиди нухбаи “Каждум” (Скорпион)–и Вазорати дифоъи Қирғизистон буданд. Мо-ку ҳамсояем, мардуми Оқсойро мешиносем. Онҳо оқсойӣ набуданд. Маҳз бо талоши он гуруҳ рӯзи 14 март мардуми Тоҷикон ва Оқсой бори дигар ба сӯи ҳамдигар сангпаронӣ карданд. Дар ин вақт “каждумҳо” дар посгоҳҳо ҷой гирифта, Рафоҳиддин Тешаев, сокини 26–солаи Тоҷиконро ҳадафи тир қарор доданд”,– қисса мекунад ҳамсуҳбати мо.
Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, дар миёни ҷавонони Оқсой маҷҷонӣ машруб тавзеҳ шуда буд ва як тӯда ҳатто волии вилояти Бодкандро латукӯб кард.
Ба муаллифи ин сатрҳо муяссар шуд, бо як сокини Оқсой, ки дар саҳна ҳузур дошт, суҳбат кунад. Вай гуфт, вақте мо кушта шудани он ҷавонро дидем, ба худ гуфтем, ки як кори дигар дар ҷараён аст ва даст аз хушунат бардоштем.
“Ба мо гуфта буданд, ки ҳадаф ҳимоят аз тарҳи роҳ аст ва ин роҳ ба фоидаи мо тамом мешавад, аз ин хотир, бояд бархезем. Ибтикор пурра ба дасти ҳамон гуруҳи аз хориҷ ба саҳна воридшуда буд”, – афзуд ӯ.
Роҳи Ворухро бастанд, ҳатто иҷоза надоданд, ки ҷанозаи Рифоҳиддин Тешаевро аз Оқсой убур диҳанд, то он даме, ки мӯйсафедон даст ба кор нашуданд. Ҳадафи коргардонони тавтиа бештар ба шӯр овардани мардуми ду тараф, қабл аз ҳама фаъолтар кардани мардуми Ворух ва низомиёни тоҷик буд. Ҳатто намояндагони Салиби Сурхи байналмилал низ ба Ворух роҳ наёфтанд, то қазия ҳангомаи бештар ва обуранги байналмилалӣ гирад. Низомиёни қирғиз ба онҳо рӯйрост гуфтанд:
“Мо амнияти шуморо замонат дода наметавонем!”
15 МАРТ. Вақте раҳбарони вилоятҳои Суғду Бодканд ба ҷое нарасиданд, аз Душанбеву Бишкек ҳайатҳои баландпоя омаданд. Ҳайатҳо таҳти раҳбарии муовинони сарвазир – Азим Иброҳим ва Жениш Раззоқов, вазирони корҳои дохила – Рамазон Раҳимзода ва Қашқар Ҷунушалиев, фармондеҳони неруҳои марзбонӣ – Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва Уларбек Шаршеев, ҳамчунин раҳбарони мақомоти дигар музокира анҷом доданд. Қарор қабул шуд, ки муштарак ҳодисаро таҳқиқ ва ҷинояткоронро ба сазои аъмолашон хоҳанд расонд. Аммо ҳанӯз ранги навиштаҳои коғази ин санад хушк нашуда, бегоҳи ҳамон рӯз дар деҳаи Кӯктоши Бодканд Суҳроб Холиқбердиеви 35–сола, ки модарзод гунгу ношунаво буд, аз дасти як тӯда ваҳшиёна латту куб шуд.
Интизори дастандаркорон аз ин латту куби ваҳшиёна эҳтимолан дубора баргардонидани тавтиа ба нуқтаи оғоз буд, ки ҷонибҳо ба он дода нашуданд ва шиддати ташаннуҷ батамом бардошта шуд. Ҳамин тавр, тавтиаи тарроҳишуда аз сӯи иҷрогарон қадам ба қадам амалӣ гардид, аммо ба ҳадаф нарасид.
Ҳамсуҳбати мо аз ҷумлаи мардуми Оқсой мегӯяд, “он гуруҳи машкук вазъеро ба вуҷуд овард, ки мардуми деҳа наметавонистанд дар муқобили онҳо ҳарфе зананд. Ҳар касеро, ки мухолифат мекард, “хоин” эълон ё таҳдид ба латукӯб мекарданд. Касе аз сокинони Оқсой намепурсид, ки чӣ кор кунанд ва чӣ кор накунанд”.
Хулоса, он чӣ 13 ба 15 март дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон иттифоқ афтод, тасодуфҳое набуданд, ки даст ба дасти ҳам дода, ду кишварро дар ҳолати ҷангӣ қарор доданд. Гузашта аз ин, ин бозии навбатии истихборотӣ дар дигар саҳна – Бишкек идома ёфт.
Сарварии музокирот барои Жениш Раззоқов, муовини сарвазири Қирғизистон осон тамом нашуд. Дар Бишкек ҳанӯз дами пояш наомада, расонаҳо ба ӯ иттиҳоми “ҷосуси Тоҷикистон”-ро бастанд. Дар асл ин гап соли 2016 дар як расонаи машкук рӯ зада буд. Раззоқов — он замон волии Бодканд — дар музокирот аз Қирғизистон намояндагӣ мекард. Ӯ баъдтар муовини сарвазир, котиби Шӯрои амният, мушовири президент ва боз муовини сарвазир таъйин шуд. Намояндагони мардумӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва расонаҳои Қирғизистон талаб карданд, ки ҷосус будан ё набудани ӯ таҳқиқ шавад. Кумитаи давлатии амнияти Қирғизистон 1 апрел ин таҳқиқро анҷом дод ва Раззоқовро “сафед” кард. Аммо суол ин аст, ки чаро чор сол ба ин сӯ ҳама хомӯш буданд ва маҳз пас аз музокирот бо Тоҷикистон ва ба эътидол омадани вазъ дар марзи ду кишвар ин сарусадоҳо баланд шуданд?
1 апрел волии Бодканд Абиш Холмирзоевро, ки низ дар фурӯ кашидани ташаннуҷ саҳми бориз дошт ва ҳатто мавриди латукӯб қарор гирифт, аз мақом барканор карданд. Гуфта мешавад, сабаби барканории ӯ низ ҳамин иттифоқот дар марз буд. Мантиқан иттиҳомот ва ҳам мавзуъи “бесалоҳиятӣ ё манфиатдорӣ”-и Раззоқову Холмирзоев дар тааҳудоти ахир, ки миёни Тоҷикистону Қирғизистон ба миён омад, талоше барои барбод додани натоиҷи ин музокирот аст. Ҳамон нерӯе, ки дар ташаннуҷи авзоъ дар марзи ду кишвар манфиат дорад, намехоҳад, ки ин оташ хомӯш гардад.
Миллионҳои хунин
То ин ки киву чӣ будани ин гуруҳро бишносем, муруре ба асрори пинҳони низоъҳои марзӣ мекунем ва хоҳем дид, ки масъала ҷиддитар ва вахимтар аз он аст, ки ба назар меояд. Огаҳони ҳол дар Исфара мегӯянд, пушти ин ҳама тавтиаҳо як нерӯе истодааст, ки аз сӯи кишварҳо ва ширкатҳои хориҷӣ (ки зарур нест номашон ин ҷо оварда шавад, аммо барои мақомоти ду кишвар маълум аст) пуштибонӣ ва сармоягузорӣ мешавад. Мантиқан, Қирғизистоне, ки буҷаашро худ пурра таъмин карда наметавонад, аз куҷо барои як тарҳ, он ҳам дар қаламрави баҳсӣ пул пайдо кунад? Агар тавонад ҳам, аз куҷо хилофи қавонини байналмилал ва рӯйрост тааҳҳуди хешро дар сатҳи олӣ бо Тоҷикистон мешиканад?
Ҳамсуҳбатони мо мегӯянд, ин нерӯ бо пуштибонии хориҷӣ солҳо ба ин сӯ ҳукумати Қирғизистонро дар кори иҷрои як тарҳе ба унвони “Саман” (ҳамчунин тарҳ дар расонаҳои расмӣ зикр намешавад) андармон кардааст. Тибқи ин тарҳ, қирғизҳо бояд ба саргаҳи каналҳои Масчоҳӣ ва Меҳнатобод (Тоҷикон), ки заминҳо ҷамоатҳои Воруху Чоркуҳ ва ҳам ҳудудҳои ҳамҷавори қирғизро обёрӣ мекунанд, соҳиб шаванд. Роҳи “Кӯктош-Оқсой”, ки идомааш бояд “Оқсой – Равот – Исфана” мебуд, маҳз аз сӯи ин нерӯ бо Тамдиқ “такмил” шуд (ин роҳ сабаби муноқишаҳои соли 2014 ва марти соли ҷорӣ буд). Зоҳиран, дар ҳоли сохта шудани ин роҳ қирғизҳо ба саргаҳи дарёҳои ин минтақа – Карафшин ва Кишанбиш (ки як шуда, дарёи Исфараро ташкил мекунанд) тасаллут пайдо мекунанд. Тақсимоти оби ин дарёҳо аз соли 1909, замони хони Қӯқанд расман дар ихтиёри аҳли Ворух аст. Аммо агар роҳи “Оқсой – Тамдиқ” сохта шавад, ҳаракати техникаву расонидани таҷҳизот ба саргаҳи дарёи Карафшин осон ва зерсохторҳо сохта хоҳанд шуд, ки манобеъи обӣ ва ҳам як ҳудуди қобили мулоҳизаи Ворух дар ихтиёри қирғизҳо қарор хоҳад гирифт.
Ҳамин тавр, вақте контроли об ба дасти қирғизҳо афтад, шароит барои амалӣ кардани ҳадафи дигар — эҷоди захирагоҳи об – фароҳам меояд. Назорати оби ду дарё ба таври худкор, Қирғизистонро, ба истилоҳи ҳамсуҳбатони мо, ба “қассоби дарё” табдил медиҳад, ки “аз моли куштааш ҳаққашро мегирад”. Ин дар ҳолест ки худи Тамдиқ (тоҷикон он минтақаро Лар меноманд), қаламрави баҳсӣ аст. Дар деҳаи Ворух як гузари Лар аст, ки тариқи он ба чарогоҳҳои Лар рафта меоянд.
Назорати об ба Қирғизистон имкон медиҳад, ки заминаи ҳадафи навбатӣ – кандани нақби обгузар барои обёрии даштҳои Лолаку Равот дар қисмати ноҳияи Лайлак – фароҳам шавад. Ин ноҳияи Қирғизистон, бино ба бархе иттилоот, беш аз 150 ҳазор гектар замини лалмӣ дорад. Тарҳи нақби обгузар соли 1981, ҳанӯз дар замони Шӯравӣ, омода шуда, вале амалӣ нашудааст;
Ин ҳама талошҳо барои соҳиб шудан ба манобеъи обӣ дар ҳолест, ки бино ба бархе манобеъ, ҷамъияте, ки аз дарёи Исфара об мехӯрад, 80 ҳазор дар Тоҷикистон ва 17 ҳазор дар Қирғизистон зиндагӣ мекунад. Ҳудуди 10% об, тибқи тақсимоти замони Шӯравӣ, ҳаққи Узбекистон аст. Ба қавли ҳамсуҳбатони мо, ягона тарҳе, ки ба анҷом расид ва Тоҷикистон ба он муқобилат нишон надод, хатти барқи 110–волтаи Бодканд – Исфана буд. Ин хати барқ низ аз ҳудуди баҳсӣ гузаронда шуд. Қаблан ин қисмати Қирғизистон аз неругоҳи Қайроқум барқ мегирифт.
Аммо, огаҳони ҳол мегӯянд, гуруҳҳои манфиатдор бо ин “афсонаҳои иқтисодӣ” танҳо мардум ва ҳукумати Қирғизистонро машғул медоранд. Дар асл далели дигари боризтаре вуҷуд дорад, ки он ҳам соҳиб шудан ба манобеъи маодини қисмати болоии дарёи Исфара ва атрофи он кашфшуда, аз қабили симоб, сурма, никел, барий, тилло, хром, стронсий, уран ва ғайра аст. Ба қавли онҳо, роҳи “Оқсой – Тамдиқ” дастрасӣ ба кони куҳнае ба номи “Кони хурд”-ро, ки дар қаламрави баҳсӣ ҷойгир аст ва дар замони Шӯравӣ аз он урану симоб мегирифтанд, осон мекунад ва ширкати испаниеро бидуни овардани ном низ аз мухлисони ин кон ном мебаранд.
Манобеъи хабарии Қирғизистон худи тарҳи роҳи “Оқсой-Тамдиқ”–ро як манбаи даромадҳои хеле ҳангуфт барои иддае аз раҳбарони собиқи Қирғизистон арзёбӣ карда буданд. Бино ба онҳо, соли 2009 Қирғизистон барои бунёди роҳҳо, аз ҷумла тариқи қаламрави баҳсӣ, чанд шартнома бо Иттиҳоди Аврупо, Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки таҷдиду рушди Аврупо баста, 165 миллион доллар дарёфт карда буд. Иҷрои ин тарҳ дар қисмати марзи баҳсӣ замоне рост омад, ки Тоқон Мамитов, муовини сарвазири ин кишвар дар умури амният, назму қонун ва сарҳадот (июли 2013–июни 2014) таъин шуд. Расонаҳо хабар доданд, ки мавсуф дар тендерҳо ширкатҳои пудраткори наздиконаш ва як созмони ғайриҳукуматӣ дар Оқсойро пуштибонӣ карда, миллионҳо долларро дар ихтиёри онҳо гузоштааст. Ӯ бо истифода аз мақоми давлатӣ ва таҳти шиори “ҳимояти манофеъи миллӣ” моҳи декабри соли 2013 аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо кард, ки ризоияташро барои сохтмони роҳи “Оқсой-Тамдиқ” диҳад, дар акси ҳол, Қирғизистон гузинаи дигар низ дорад. Ҳамин тавр, мавсуф созишномаи соли 2008–и миёни Тоҷикистону Қирғизистонро нодида гирифт, то созишномаҳои соли 2008 бо созмонҳои байналмилалиро ба иҷро расонад.
Ташаннуҷе, ки дар пайи ин талошҳои Мамитов ва афроди марбут ба ӯ ба вуҷуд омад, то моҳи январи соли 2014 идома ёфт. Кор то рӯёрӯии низомӣ миёни марзбонони ду кишвар кашид. Ҳамон январи соли 2014 Омурбек Абдураҳмонов, вакили Жогорку Кенеш – парлумони Қирғизистон, Тоқон Мамитовро “ба ҳама бадбахтиҳо дар марзҳо” муттаҳам кард. Ӯ тафсилоте аз ин беш надод, аммо расонаҳо корнамоиҳои Мамитовро пайгирӣ карданд ва ӯ моҳи апрели ҳамон сол аз мақом барканор шуд.
Он чӣ пайдост, ин аст ки бо хондани “афсонаҳои рифоҳи иқтисодӣ” ва “манофеъи миллӣ” ба гӯши мардуми марзнишини қирғиз ва ба баҳои ҷону хуни онҳо неруҳое дар Қирғизистон кисаҳои худро фарбеҳ мекунанд ва ин доира танҳо бо як нафар маҳдуд намешавад. Тоқон Мамитов ҳоло омбудсмени Қирғизистон аст. Аммо ҳаводиси ахири моҳи март, ки тафсилоташро дар боло овардем, бори дигар собит мекунанд, ки афроди дигаре даст ба кор шудаанд ва ин бозиҳоро идома медиҳанд.
Ҳама хуб медонанд, ки ҳарфи аввалро ҳамон комиссияи байниҳукуматии таъйин ва аломатгузории марзҳо мезанад ва воқеан, ҳама гуна сохтмон маъное надорад, зеро эҳтимоли дар ихтиёри тарафи дигар қарор гирифтани он зиёд аст. Дигар ин ки вақте ҳарфи об аст, тарафи сеюм – Узбекистон ба назар гирифта намешавад. Аз сӯи дигар, кишварҳо ва созмонҳои сармоягузори тарҳҳои роҳҳо дар Қирғизистон оё то куҷо огоҳона ё ноогоҳона дар қаламрави баҳсӣ сармоягузорӣ мекунанд?
Иродаи қавӣ
Аксари ҳамсуҳбатони мо бар инанд, ки ҳалли баҳси марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ба иродаи қавии раҳбарони ду кишвар вобаста аст. Ин ҳақиқати бебаҳс аст, аммо воқеият надорад. Воқеият ин аст, ки Қирғизистон дар қиёс бо Тоҷикистон кишвари ба истилоҳ, якдаста нест. Ин ҷо низоми президентӣ, он ҷо парлумонист. Ин ҷо ҳарфи аввалро як кас – президент мезанад, он ҷо 120 намояндаи мардум. Парлумон зарур ояд ҳукумату президентро ба чолиш мекашад. Рақобати шохаҳои ҳукумат хоси як кишвари демократӣ аст, агар ба нафъи мардум тамом шавад. Аммо ҳақиқати бебаҳс ин аст, ки қудратҳо дар минтақаи мо бо истифода аз ин гуна низомҳо ва таҳти шиорҳои демократӣ неруҳои ниёбатиро вориди саҳна мекунанд ва сармояҳои ҳангуфтеро аз сари онҳо мепошанд, то ҳузуру нуфузи худро собит намоянд.
Маҳз бо ин сармояҳо неруҳои ниёбатӣ ба парлумону ҳукумат ва артишу мақомоти қудратӣ нуфуз дода мешаванд. Ин гуруҳҳо дар парлумон тарҳҳои сиёсиву иқтисодиеро, ки ба манфиати кишвари пуштибонашон бошад, матраҳ мекунанд ё ба тарҳҳое, ки аз сӯи неруҳои ниёбатии дигар пешниҳод мешаванд, мухолифат меварзанд. Дастовардҳои демократияи Қирғизистонро низ маҳз ин неруҳо барбод медиҳанд.
Мисоли барҷастаи ҷангҳои ниёбатӣ ва бозиҳои истихборотии Афғонистони ҳамсояи мост. Дар ин кишвар тамоми қудратҳои ҷаҳониву минтақаӣ неруҳои ниёбатии худро доранд, ки умдатан гирди ду меҳвар – Амрико ва Русия муттаҳид шудаанд. Ҳар ҳизб, фармондеҳ, гуруҳи мусаллаҳ ва ҳатто созмонҳои ҷомиаи маданӣ дар Афғонистон пуштибонӣ хориҷӣ дорад ва аз берун сармоягузорӣ мешавад. Хуб, ин ки Афғонистон дар чӣ ҳол аст, ҳама мебинанд.
Тоҷикистони солҳои 90-ум низ ба майдони бозиҳои истихборотӣ ва ҷангҳои ниёбатӣ табдил ёфт. Ҳалношуда боқӣ мондани баҳси марзиаш бо Қирғизистон аз ин воқеияти талх маншаъ мегирад. Соли 1989 вақте аввалин баҳси марзӣ ба вуқӯъ пайваст, ҳукумати Қаҳҳор Маҳкамов дар Тоҷикистон даст ба кор шуд, аммо дастхуши ҳамин рақобату бозиҳо гардид ва суқут кард. Дар кишвар ҷанги дохилӣ сар зад. Тоҷикистону Қирғизистон бо дарки ин ки баҳси марзӣ метавонад як ҷанги дигареро дар минтақа ба вуҷуд орад, ҳалли онро ба як замони мусоид ҳавола карданд.
Ин фурсат омад. Соли 2000 Комиссияи таъйин ва аломатгузории марзҳои ду кишвар ташкил шуд ва соли 2002 ба кор сар кард. Аммо дар ин миён Қирғизистон ба гирдоби инқилобу таҳаввулоти сиёсӣ кашонда шуд. Ин кишварро “ҷазираи демократия” гуфта, ҳаво доданд ва неруҳои ниёбатиро вориди саҳна карданд. Бо талоши ин неруҳо ҳукуматҳои Аскар Оқоев (2005) ва Қурмонбек Боқиев (2010) яке аз пайи дигарӣ сарнагун шуданд. Маҳз дар замони Боқиев созишномаи калидии соли 2008 миёни Тоҷикистону Қирғизистон ба имзо расид. Дар даврони дусолаи ҳукумати муваққати Роза Отунбаева низ коре анҷом нагирифт. Ӯ соли 2016 гуфт, ки ҷониби Тоҷикистон дар ҳалли қазия алоқае нишон надод. Эҳтимолан дар Тоҷикистон ба ин натиҷа расида буданд, ки бо ҳукумати муваққатӣ ва убурии ӯ низ ҳалли ин баҳси хатарнок имкон надорад.
Дар замони Алмосбек Отамбоев пешрафте дар баҳсҳои марзӣ ва кори комиссияи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон ҳосил шуд — соли 2013 ин комиссия 520 аз 987 км марзи муштараки ду кишварро таъйин намуд. Аммо ин пешрафт ба марзи Суғду Бодканд ҳеч рабте надошт. Дар ин қисмат Отамбоев низ иродаи қавӣ нишон надод. Маҳз дар даврони ӯ ҳодисаи соли 2014 ба вуқӯъ пайваст ва кор ба дасти афроде, назири Тоқон Мамитов афтод, ки дигарбора баҳсҳоро ба бунбаст кашонданд.
Тавтиаҳое ки 13 ба 15 март дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон иттифоқ афтод, аввалин имтиҳони ҳукумати Сооронбой Жеенбеков буд. Ӯ дар қиёс бо пешиниёнаш хеле солор аст — 14 март бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон сӯҳбати телефонӣ дошт, ба аҳли байти кушташудагон изҳори ҳамдардӣ кард ва мақомоти қудратиашро барои тавтиаву адами ҳунари созишу муросо бо ҳамсоягон накӯҳиш намуд. 1 апрел Муҳаммадкалий Абилғозиев, сарвазири Қирғизистон худ ба Оқсой сафар кард ва бо мардум мулоқот анҷом дод. Паёми ӯ ба мардум ин буд, ки баҳси марзиро ҳукуматҳои ду кишвар ва бидуни истифодаи зӯр ҳал мекунанд.
Ҳукумати Жеенбеков ба баҳс нигоҳи одилона ва воқеӣ дорад. Оё то куҷо пеш рафта метавонад? Шурӯъ аз замони барканории Аскар Оқоев, президент, нахуствазир ва ё ягон мақоми дигар қудрати саришта кардани неруҳои низоъофарро, ки дар “ҷазираи демократия” эҷод шуданд, надоштанд. Коршиносон мегӯянд, то чанд соли пеш дар Қирғизистон ҳатто бригадаҳои ташкили гирдиҳамоиҳо амал мекарданд, ки дар ҳолати зарурӣ мардумро ба майдон мекашиданд ва ҳатто барои ҳар ширкаткунанда маош низ таъйин мешуд. Ҳоло ҳам ин вазъ ҳукмрон аст.
Дасти гуруҳҳои ниёбатӣ хеле дароз аст. Дар ҳоле ки президент ва сарвазири Қирғизистон дар ҳалли баҳсҳои марзӣ аз дари сулҳу мадоро омаданд, Каромат Орозова, узви Жогорку Кенеш аз вилояти Бодканд дар ҷаласаи пӯшидаи парлумон пешниҳод кард, то ба се осебдидаи муноқишаи ахири марзӣ дар Оқсой мукофот дода шавад. Тавре мегӯянд, бидуни шарҳ.
Ин ҳама як воқеияти дигарро баён мекунад: мақомоти баландпояи Қирғизистон таҳти фишори шадид қарор доранд ва худ қудрати фишор овардан ба мақомоти зери дасташонро надоранд. Ҳамсуҳбатони мо мегӯянд, мақомоти қирғиз ҳамеша даст рӯи дил гузошта, эътироф мекунанд: “Халқ моро гӯш намекунад!”
Воқеан, вақте як зан ё модаре, назири Роза Усарова, бигзор, раиси маҳаллаи Оқсой ҳам бошад, ба неруҳои марзбонии кишвараш таҳдид карда, аз онҳо “автомат” мехоҳад ва чанд ҷавон дарвозаи қитъаи марзбониро лагадкорӣ мекунанд ва ҳам як тӯда волии вилояти Бодкандро мавриди латкӯб қарор медиҳанд, аммо ҳеч кас муҷозот намешавад, заъф ва осебпазирии ҳукумати Қирғизистонро бармало мекунад.
Қирғизистон беш аз як даҳа дар вазъест, ки Тоҷикистон дар даҳаи 90 дошт. То ҳол як иродаи қавии сиёсӣ барои ҳалли баҳси марзӣ бо Тоҷикистон дар он кишвар дида намешавад. Содда бигӯем, баҳсҳои марзӣ бе созиш, мадоро ва гузашт анҷом намепазиранд, аммо агар ҳукумати кунунии Қирғизистон созише ё гузаште кунад, метавонад мавриди фишори мухолифини қавиаш қарор гирад ва кор боз ба ноамниҳову сарнагуниҳо кашад.
Ҳукумати Тоҷикистон низ, бо он вуҷуд ки ҷилави неруҳои ниёбатиро гирифтааст, ба истилоҳ, метавонад мардуми худро назорат кунад, таҳти фишор қарор дорад, аммо якҷониба наметавонад баҳсро ҳал кунад ва дар кашол ёфтани ин ҳолати музокироти марзӣ бо Қирғизистон ҳам манфиатдор нест.
Он чӣ бояд эътироф шавад, ин аст, ки раҳбарияти Тоҷикистону Қирғизистон аз ҳамон оғоз то кунун ҳеч гоҳ таҳти таъсири тавтиаҳои дохиливу байналмилалӣ нарафтанд ва рисолати аслии худ – нигаҳ доштани равобити ҳамсоягии некӯи чандасра ва амнияти минтақаро ба дурустӣ иҷро карданд. Ҳамаро таърих баҳои беҳтар хоҳад дод.
Бистарсозӣ: созмонҳои террористӣ ё пойгоҳи низомӣ?
Аммо сабаби тӯл кашидани баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон танҳо адами заминаҳои сиёсии дохилӣ нест. Ин суолҳо низ дар мағзҳои ҷомеаи ду кишвар пеш меоянд, ки вақте раҳбарони сатҳи аввал ҳамдигарро дарк мекунанд, дар сатҳи болову пойин ҷонибҳо назари муштараки нек доранд, равобити чандасраи ҳамсоягиву бародарӣ ва амнияти минтақа ба гарав гузошта шудааст, пас чаро ба баҳсҳои марзӣ хотима намедиҳанд?
Марзи Суғду Исфара, ҷузъи водии Фарғона, ба истилоҳ, “бушкаи пур аз борут” ва ягона минтақаи осебпазири Осиёи Марказӣ аст. Истихбороти ҷаҳонӣ шурӯъ аз ҳамон соли 1989 тарҳи барҳам задани амният, ба истилоҳ, “афғоникунонии водии Фарғона”-ро доштанду доранд. Ҳаракати исломии Узбекистон, танҳо созмони террористии матраҳ дар минтақа дар ин водӣ арзи ҳастӣ кард. “Ҳизби таҳрир”–и экстремистӣ низ роҳашро аз ин водӣ шурӯъ намуд. Тайи се даҳсола Узбекистон ва Тоҷикистон хатари ин неруҳо ва дар умум сатҳи руҳияҳои ифротиро ба ҳадди сифр пойин оварданд. Аммо дар бораи Қирғизистон наметавон чунин гуфт.
Ин кишвар бо он вуҷуд, ки ба як низоми демократӣ даст ёфт, амалан ба майдони рақобатҳои истихборотии ҷаҳон табдил шуд. Ҳоло дар Қирғизистон ҷараёну созмонҳои мамнӯъе, назири салафия, “Ҷамоати таблиғ”, “Нурчилар” ва ғайра фаъолияти озод доранд. Дар кишвар беш аз 100 мадрасаву донишгоҳ амал мекунанд, ки теъдоди қобили мулоҳазае аз онҳо сабти расмӣ нашудаанд ё корашон аз сӯи ҳукумат ба дурустӣ назорат намешавад. 80 бунёд ва созмони ҷамъиятие расман фаъолият мекунанд, ки хусусияти динӣ доранд ва аксарияти кул аз хориҷ сармоягузорӣ мешаванд.
Анҷумани ҷаҳонии ҷавонони мусалмон бузургтарин бунёде, ки Ҳизби исломии Афғонистон, Толибон, “Диндор Анҷуман”, Ҷамъияти исломии Ҷаммуву Кашмир ва даҳҳо созмони ифротии дигар дар ҷаҳонро сармоягузорӣ кардаву мекунад, дар минтақа ва ИДМ танҳо дар Қирғизистон расман фаъолият дорад ва аз ҳеч кас пӯшида нест, ки пушти он расман Арабистони Саудиву кишварҳои Халиҷ, ҳамкорони минтақавии Амрико қарор доранд. Ин созмон ба яке аз ҳамкорони мӯътабари ҳукумати Қирғизистон табдил ёфтааст, ки ҳатто дар парлумони ин кишвар намозхона месозад ва кори ягона Институти исломии занона дар минтақаро низ хатм кардааст.
“Исломишавӣ”–и Қирғизистон ҳам ба ҳадде расидааст, ки сеяки ҷавонони ин кишвар ҳоло хостори ҷорӣ шудани қавонини шариат ҳастанд. Ин вазъ солҳо ба ин сӯ дар ҷомиаи Қирғизистон ва ҳатто Шӯрои амнияти он кишвар эътирозҳоро ба бор овардааст, аммо ҳукумат чорае намебинад ё надорад. Кумитаи давлатии амнияти Қирғизистон ба тақозои мукаррари намояндагони мардумии ин кишвар дар мавриди мамнӯъ эълон кардани “Ҷамоаи таблиғ” изҳор дошт, ки барои бастани он далеле дар даст нест.
Гузашта аз ин, дар кишвар даҳҳо созмони дигар амал мекунанд, ки аз хориҷа сармоягузорӣ мешаванд ва қудрати таъсиргузорӣ ба сиёсатҳои давлатро доранд. Ин созмонҳо ҳатто ҳузури қудратҳое, назири Чину Русияро, ки ҳамкорони раҳбурдии Қирғизистон ба шумор меоянд, ба чолиш мекашанд, алайҳи онҳо гирдиҳамоиву пикетҳо ташкил мекунанд ва ҳатто онҳоро “таҷовузгар” меноманд, чизеро ки дар дигар кишварҳои минтақа намешавад тасаввур кард, аммо ҷуз бозиҳои истихборотӣ ва амалкардҳои гуруҳҳои ниёбатӣ таърифи дигаре барояшон нест.
Ҳукумати кунунии Қирғизистон муқассири ин вазъ набуда ва нест. Ин ҳамаро аз гузашта мерос гирифтааст. Ҳамин тавр, ҳеч кас замонат дода наметавонад, ки аз садои тир дар марз созмонҳои хуфтаи террористӣ дар кишвару минтақа бедор намешаванд ва ҳамтоёни хориҷии онҳо аз майдонҳои ҷанги Сурияву Ироқ ва Афғонистон ба ин ҷо интиқол намеёбанд, бахусус ки барои сармоягузории ҳама гуна ҷангҳо дар Қирғизистон шароити мусоид, аз ҷумла низоми интиқоли маблағ вуҷуд дорад. Тоҷикистон ҳанӯз соли 2014 вуруди маболиғ барои созмонҳои хориҷиро таҳти назорат гирифта буд. Аммо дар Қирғизистон касе намедонад, ки аз куҷо ва барои кӣ чӣ қадар пул меояд, аз ҷумла ба созмонҳое, ки хусусияти динӣ доранд.
Дода шудан ба тавтиаҳо ибтикорро аз дасти ҳарду кишвар мегирад. Рӯи саҳна бозигароне пайдо мешаванд, ки дар Ховари Миёнаву Афғонистон мебинем. Чину Русия ва Узбекистону Қазоқистон низ наметавонанд даст болои даст гузошта, тамошогари саҳна бошанд. Онҳо ҳам иқдом хоҳанд кард. Талхтар аз ҳама, касе аз тоҷику қирғиз дигар нахоҳад пурсид, ки чӣ кунанд ва чӣ накунанд, магар ин ки сарзамини онҳо ба набардгоҳи хунин ва фарзандонашон ба сарбозони арзони ҷангҳои ниёбатӣ табдил ёбанд.
Гузинаи ҷанг барои ҳарду кишвар сарнавиштсӯз аст. Дар пайи хатари созмонҳои террористӣ омили дигар – пойгоҳи дуюми низомии Русия дар ҷануби Қирғизистон ба воқеият табдил меёбад. Ин пешниҳодро ҳанӯз ҳукумати Алмос Атамбоев ба Маскав соли 2017 дода буд, ки эътирози хамӯши Тоҷикистону Узбекистонро ба вуҷуд овард. Бишкек бо Тошканд низ баҳси марзиашро ҳанӯз ниҳоӣ накардааст ва мантиқан, ин кӯшишҳоро ҳамсоягони девор ба девор талоше барои низомикунии минтақа, таҳти суол бурдани истиқлолияти кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамзамон вазн пайдо кардан дар баҳсҳои марзӣ арзёбӣ мекунанд.
Камтарин муноқишаи марзӣ миёни Қирғизистон ва ҳамсояҳояш бистаре барои созмонҳои террористӣ фароҳам мекунад. Ин ба маънои нишон додани латтаи сурх ба Русия аст. Он замон Маскав тамоми далелро барои эҷоди як пойгоҳи низомӣ пайдо мекунад, чун пештози ИДМ ва СПАД ва ҳам яке аз ду кишвари калидии Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой, шарики стратегии Тоҷикистону Қирғизистон аст.
Дар ниҳоят, Тоҷикистону Қирғизистон шомили яке аз бузургтарин пружаҳои байналмилалӣ – CASA–1000 ҳастанд, ки интизор меравад, чеҳраи иқтисодии на фақат ин ду кишварро, ки аз маболиғи муҳоҷирини меҳнатӣ вобастаанд, балки Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубиро тағйир диҳад. Ин тарҳ бузург “мухлисон”–и қудратманде низ дорад. Ноамнӣ дар марзҳои Тоҷикистону Қирғизистон масири аслии ин тарҳ низ ба суди қудрате анҷом меёбад, фақат на барои ду кишвар.
Ба гумони ағлаб, раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон аз ин анҷом нигарон ҳастанд ва сирри сукути онҳо низ дар ин аст. Вазъ ҳам чандон содда нест, ки ба назар меояд. Ҳар қудрат нерӯи ниёбатиеро дорад (ҳатто аз афроде, ки дар хизмати ягон қудрати хориҷӣ ҳастанд, ном бурда мешавад) ва тавассути онҳо “ҷангҳои пинҳон” ё бозиҳои истихборотии худро пеш мебарад. Аммо аз ду мардум – тоҷику қирғиз вобаста аст, ки кадом ояндаеро барои фарзандони худ рақам мезананд. Ва танҳо иродае, ки дар чунин вазъ муодилаҳои қудратҳоро шикаст медиҳад, иродаи онҳост. Дигарон мераванд, аммо инҳо мемонанд. Аммо дар кадом замин? Замини сӯхта ё гулистон?
Манбаъ: Rushnoi