Қарзи музди меҳнати ташкилоту муассисаҳо ба беш аз 31 миллион сомонӣ расидааст

Дар натиҷаи ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ дар корхонаҳои мамлакат давоми шаш моҳи соли 2025, 26 нафар ба ҳалокат расида, 34 нафар ҷароҳат бардоштаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 12 нафар фавт зиёд ва 7 нафар ҷароҳатбардоштагон кам гардидааст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода шуд. Ҳамчунин қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ 36 ҳазору 294 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд.

Дар нишаст, Солеҳа Холмаҳмадзода вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон гуфт, ки моҳҳои наздик сомонаи Вазорат нав карда мешавад, ки минбаъд тавассути он шаҳрвандон метавонанд, дархостҳои худро фиристанд ва мувофиқ ба касбу ҳунари худ кор пайдо намоянд.

Дар асоси Ёддошти тафоҳум миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея дар самти муҳоҷират Ҷумҳурии Корея 800 квота ба шаҳрвандони тоҷик пешниҳод кардааст. Ба гуфтаи Солеҳа Холмаҳмадзода вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аллакай як гуруҳ иборат аз 26 нафар мувофиқ ба талаботҳои пешниҳодшуда, омода карда шуданд.

Ҳамчунин дар нишаст гуфта шуд, ки дар ҳудуди кишвар 35 ҳазор ташкилоту муассисаҳо фаъолият мекунанд, ки аз ин шумора 34 адади онҳо аз ҳисоби сари вақт пардохт накардани музди меҳнати кормандонашон қарздоранд. Қарзи умумии онҳо ба ҳолати 1 июни соли равон беш аз 31 миллион сомониро ташкил медиҳад. Қайд гардид, ки қисме аз ин корхонаю ташкилотҳо муфлис гаштаанду тамоман имкони пардохти музди меҳнати командонро надоранд. Дар корхонаҳои дигар Вазорат ҷиҳати аз байн бурдани ин мушкилӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда истодааст.

Сарвинози Сайдалӣ

радиои «Тоҷикистон»