Сомонаи Webometrics Ranking of World Universities-и Испания дар як радабандии донишгоҳҳои ҷаҳон мавқеи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ ва ҳам дохилӣ муайян кардааст.
Бар асоси ин рейтинг Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар миёни дигар донишгоҳҳои кишвар дар ҷойи аввал қарор гирифта, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ба панҷгонаҳо дохил мешаванд.
Дар байни зиёда аз 30000 донишгоҳи ҷаҳон бошад, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар ҷойи 9717, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҷойи 12258, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар ҷойи 13862, Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон дар ҷойи 15721 ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар ҷойи 17437 қарор доранд.
Радабандии ин системаи глобалӣ нишон медиҳад, ки 5 донишгоҳи ИМА – Донишгоҳи Вашингтон, Донишгоҳи Корнелл, Донишгоҳи Ҷон Хопкинс, Донишгоҳи Йелс ва Донишгоҳи калифорнии Сан-Диего ба панҷгонаи беҳтарин донишгоҳҳои сайёра дохил мешаванд.
Бояд гуфт, ки Webometrics Ranking of World Universities системаи глобалии радабандии донишгоҳҳо мебошад, ки ҳадафи он баланд бардоштани ҳузури академияҳо ва институтҳои тадқиқотӣ дар интернет ва мусоидат ба нашри кушоди натиҷаҳои фаъолияти илмӣ мебошад. WRWU соли 2004 ба фаъолият оғоз карда, ҳамасола моҳҳои январ ва июл омори навро нашр менамояд. Гуфта мешавад, ки имрӯз он ба зиёда аз 12,000 донишгоҳи ҷаҳон нишондиҳандаҳои веб пешниҳод менамояд.
Дар ҳамин ҳол, сомонаи Вазорати маориф бо нашри як рӯйхат рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси натиҷаҳои нимсолаи якуми соли таҳсили 2020-2021-ро нашр кардааст.
Тибқи маълумот, гурӯҳи кории Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро дар асоси нишондиҳандаҳои рейтинг таҳлил ва холгузорӣ намуданд. Дар натиҷа, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сазовори ҷойи якум, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино сазовори ҷойи дуюм, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон бо ба даст овардани холҳои баробар сазовори ҷойи сеюм гардидаанд.
Дар ин рейтинг 31 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ иштирок намуданд.