Сафари роҳбари САҲА ба Тоҷикистон дарназар аст

Вазири корҳои хориҷии Шветсия Анн Линде ба ҳайси раиси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон боздид мекунад.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ӯ 14 апрел ба Душанбе ташриф оварда, бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва бо намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматӣ мулоқот мекунад.

Тавре “Ховар” бо такя ба сомонаи САҲА хабар додааст, роҳбари САҲА дар ҷараёни сафари худ ба Осиёи Марказӣ аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон боздид мекунад. Сафари вай ба Туркманистон ба нақша гирифта нашудааст, аммо дар бораи сабаби он  хабар дода нашудааст. Намояндаи САҲА ба ҷои мулоқоти рӯ ба рӯ бо ҳамтои туркманаш аз тариқи иртиботи видеоӣ суҳбат хоҳад кард. Гуфта мешавад, ки 13-14 апрел сафари ин намояндаи САҲА ба Ӯзбекистон сурат мегирад ва ин сафар то 15 идома хоҳад кард. Мавзӯи гуфтушунидҳо густариши ҳамкории САҲА ҳамчун созмон ва давлатҳои иштирокчии он дар Осиёи Марказӣ гуфта шудааст.

Тавре АМИТ «Ховар» пештар хабар дода буд, аз 1 январи соли гузашта дар Тоҷикистон лоиҳаи нави таҳкими марзи Тоҷикистон ва Афғонистон оғоз ёфт, ки арзиши умумии он 3,3 миллион евроро ташкил медиҳад. Ба ғайр аз сарҳадчиён, дар доираи лоиҳа кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода низ омӯзиш хоҳанд гирифт. Онҳо малакаи худро дар вокуниш ба офатҳои табиӣ дар минтақаҳои наздимарзӣ такмил хоҳанд дод. Як қисми ин маблағ ба тармими марказҳои таълимии Тоҷикистон равона мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *