Рушди соҳаи кишоварзӣ дар баробари таъмини амнияти озуқаворӣ ба саноатикунонии босуръати кишвар низ мусоидат мекунад. Ин соҳа метавонад, хостаҳои ғизоии мардумро таъмин ва саноати мамлакатро бо ашёи хом таъмин намояд. Гузашта аз ин ташкили ҷойҳои нави корӣ дар деҳот ба ҳисоб меравад. Бо дарки мамин маънӣ ҳамасола кишоварзон баробари фаро расидани мавсими кишту кор сертараддуд мегарданд. Коршинос Некрӯз Ализода-коршинос аз Маркази миллии чумхуриявии захирахои генетикии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, ки кишт яке аз омилҳои аслии ба даст овардани ҳосили баланд аст ва нозукиҳои худро дорад.
Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки хосилнокии баланди зироатхои кишоварзӣ дар баробари корҳои агротехникӣ аз сифати тухмиҳо низ вобастагӣ дорад. Яъне, тухмии хушсифат барои ба даст овардани ҳосили фаровони зироатҳои кишоварзӣ мусоидат мекунад. Муродалӣ Шамшеров корманди дигари Маркази миллии чумхуриявии захирахои генетикии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, ки агар замин дар фасли тирамоҳ шудгор шуда бошаду интихоби тухмӣ аз ҷониби деҳқон дуруст суръат гирад, ҳатман ҳосили баланд ба даст меояд.
Ҳамсуҳбати дигари мо аз Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Шоҳназар Ҷобиров ба ин бовар аст, ки агар деҳқон дар баробари корҳои агротехникии парвариши зироат муҳлати кишту меъёри тухмиро ба инобат нагирад, ҳосили дилхоҳ ба даст намеорад.
Коршинос Шоҳназар Ҷобиров зимни суҳбат дар такя ба таҷрибаҳояш мегӯяд, ки тухмии зироати кишоварзӣ ба иқлими минтақа агар мувофиқ бошад, ҳатман хирмани барзгар пурбор мегардад.
Ҳамсуҳбати дигари мо Ёқубҷон Уроқов корманди Маркази миллии чумхуриявии захирахои генетикии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон иброз медорад, ки баҳор зудгузар аст, бояд ҳар лаҳзаи онро кишоварзон дар баробари ҳар порча замин, самаранок истифода намояд.
Воқеан ҳам таҷрибаи кишоварзон нишон медиҳад, ки агар дар баробари корҳои агротехникии парвариши зироат муҳлати кишту меъёри тухмӣ ва боду ҳавои мусоид ба инобат гирифта нашавад, дурри мақсуд ба даст намеояд. Пас дар шароити кунунӣ, моро мебояд ба хотири таъмини амнияти ғизоӣ ҳама омилоти таъсиргузор ба ҳосили баландро дуруст ба роҳ монем. Зеро таъмини бозори истеъмолии мамлакат аз заҳмат ва маърифати баланди заминистифодабарии кишоварзон вобастагӣ дорад.
Муродулло Раҳимов,
Радиои «Тоҷикистон»