26-31 март дар шаҳри Ҷиззахи Ҷумҳурии Ӯзбекистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид.
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар рафти музокирот ҷонибҳо корҳои аломатгузориро дар хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон баррасӣ намуда, доир ба хатти лоиҳавии демаркатсионӣ ва гузоштани аломатҳои сарҳадӣ дар хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон мубодилаи афкор карданд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид. Аз натиҷаи вохӯрӣ Протокол ба имзо расид.