Ҷанг дар Афғонистонро на бо роҳи низомӣ, балки бо роҳи дипломатӣ хотима додан имконпазир аст. Роҳе, ки ба манфиати тамоми мардуми Афғонистон бошад.
Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии ифтитоҳии худ дар оғози Нуҳумин Конфронси вазирони “Қалби Осиё-Раванди Истанбул” дар шаҳри Душанбе иброз намуда, таъкид доштанд, ки “Ҳама гуна ҷангро танҳо оштӣ хотима мебахшад”.
Бо ишора аз ҳимояти ҳамешагии ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон аз пешрафту оромӣ дар Афғонистон таъкид намуданд: “… мо ба сарнавишти бародарони афғони худ бе тафовут нестем. Ҳар дарду ранҷе, ки мардуми Афғонистон мекашад дар қалби мардуми тоҷик низ садо медиҳад”.
Бо назардошти воқеияти талх дар кишвари ҳамсояи Афғонистон Пешвои миллат аз кишварҳои минтақа ва созмонҳо даъват ба амал оварданд, ки барои сулҳи Афгонистон аз имконоти худ истифода баранд.
Нуҳумин Конфронси вазирони “Қалби Осиё-Раванди Истанбул” дар шаҳри Душанбе ҷараён дошта, имрӯз ба кори худ хотима мебахшад.