Конфронси “Қалби Осиё- раванди Истанбул” шуруъ шуд

Имруз  дар шаҳри Душанбе Нуҳумин Конфронси вазирони “Қалби Осиё-Раванди Истанбул” ба кори худ шуруъ кард. Конфронсро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо суханронии ифтитоҳӣ оғоз бахшиданд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баргузории ин Нишастро муҳиму саривақтӣ номида, дар баромади худ қайд намуданд, ки Тоҷикистону Афғонистонро решаҳои таърихиву фарҳангӣ ва муносибатҳои густардаи дипломатӣ ба ҳам мепайвандад.

Дар Конфронси мазкур вазирони корҳои хориҷӣ ё намояндагони 15 давлати ширкаткунанда ба таври ҳузурӣ иштирок доранд. Дар назар аст, ки дар ҷараёни Нуҳумин Конфронси вазирони “Қалби Осиё-Раванди Истанбул” намояндагони кишварҳои дигар ҳам ба таври онлайнӣ ширкат варзанд.

Дар ҷаласа намояндагони кишварҳои ширкаткунанда, мададрасон, созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ мекунанд. Дар меҳвари ин Конфронс масоили Афғонистон қарор дорад.

Дар назар аст, ки дар охири Конфронс Эъломияи Душанбе қабул шавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *