Сироҷддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмати дуюми Нуҳумин Конфронси вазирони “Қалби Осиё-Раванди Истанбул” иттилоъ дод, ки дар рӯзи аввали Конфронс (29.03.2021) Эъломияи Душанбе аз тарафи кишварҳои иштироккунанда қабул шуда, аз сӯи кишварҳои мададрасон ва созмонҳо байналмилалӣ истиқбол шуд.
Дар назар аст, ки Эъломияи мазкур охири рӯз қабул хоҳад шуд.
Барои муборизаи муштарак алайҳи терроризм ва паҳншавии гояҳои ифротӣ рушди бархурдҳои навоварона пешниҳолд мешавад
Дар қисмати дуюми Конфронс таҳти раёсати Тоҷикистону Афғонистон ки вазирони корҳои хориҷии ин кишварҳо ин қисматро роҳбарӣ мекунанд, вазирони корҳои хориҷии иштирокдор суханронӣ ва баромад намуданд. Инчунин дар ин қисмат суханронии як қатор вазирони кишварҳои дигар тариқи маҷозӣ шунида шуд
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханрониаш, гуфт, ки Тоҷикистон оқибатҳои терроризм ва ифротгароиро дар худ таҷриба кардааст. Барои пешгирӣ ва маблағгузориҳои он Стратегияи мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароиро қабул кард.
Аз тарафи баромадкунандагон пешниҳод шуд, ки СММ метавонад музокироти сулҳ ва амалишавии созишҳоро дар Афғонистон ба таври ҷиддӣ назорат кунад.
Ҳамчунмн, гуфта шуд ки кишвархои дигар набояд барои манофеии дохилии худ ба ояндаи Афғонистон дахолат кунанд ва лозим аст, то ҳамаи неруҳои хориҷи аз ин кишвар берун раванд.
Дар шаҳри Душанбе, қисмати дуюми Нуҳумин Конфронси вазирони “Қалби Осиё-Раванди Истанбул” ҷараён дорад.