Сокинони деҳаи Дашти Ринҷони Варзоб аз надоштани мактаб шикоят мекунанд

Набудани муассисаи таълимӣ дар деҳаи Дашти Ринҷони (пештара Пуғӯзе) ноҳияи Варзоб хонандагонро, ки роҳи тулониро тай намуда, ба муассисаи таҳсилоти умумии деҳаи Ғажне мераванд, дилгир намудааст. Сокинон талаб доранд, ки муассисаи таълимӣ дар ин деҳа бунё шавад.  

 Бунёд Ҳодиев, хонандае аз ин деҳа мегӯяд, ки “Дар мактаби 2 – и деҳаи Ғажне мехонам, ки аз деҳаи Дашти Ринҷон то ба деҳаи Ғажне беш аз 6 киллометр роҳ аст ва мо гоҳ-гоҳ бо баъзе мушкилиҳо дучор мешавем”.

 Волидайни хонандагон бошанд аз баромада рафтан то баргаштани фарзандҳояшон аз мактаб ба хона нигарон аз онанд, ки фарзандҳояшон ба ягон садама дучор нашаванд ва сиҳату саломат баргарданд. Ҳарчанд мақомоти ноҳияи Варзоб барои равуои муҳассил автобуси алоҳидаи ройгон ташкил кардааст, аммо Сафаргул Бобоева истиқоматкунандаи деҳаи Дашти Ринҷон аз ин нораҳат аст, ки “фарзандҳои мо қариб 7 киллометр рафта меоянд. Автобус техника аст, рӯй додани ҳодисаҳои нохуш аз эҳтимол дур нест. Мо мехоҳем, ки дар деҳаамон мактаб бунёд кунанд”.

Дар ҳамин ҳол, Валӣ Наҷмиддинов, мудири маорифи ноҳияи Варзоб дар суҳбат бо  радиои “Тоҷикистон” оид ба шикояти сокинони ин деҳа гуфт, ки   аз содиқ деҳаи Пӯғӯзе 195 нафар хонандагон дар муассисаи таълимии рақами 2 –и деҳаи Ғажне рафта, таҳсил мекунанд. Бино бар ин барои интиқоли онҳо аз ҳисоби мақомот автобус таъсис дода шудааст. “Мо бо ташкилоти ҷамъиятии “Тавҳид” ҳамкорӣ дорем. Агар маблағҳои дархостшуда гузаранд, дар деҳаи Дашти Ринҷон муассисаи таълимӣ бунёд мекунем”.  

Дар ин хусус сардори Раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Сафарзода, иброз намуд, ки масъала ба Вазорат ҳам маълум буда, шикоятҳо дар замина расидаанд. Ба маълумоти Дилшод Сафарзода “Вазорати маориф ва илм  дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ҷиҳати сохтмони муассисаи таълимӣ дар деҳаи Дашти Ринҷон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таълими хонандагони деҳаи мазкур чораҷуӣ намуда истодааст. Айни замон мо барои ҷалби сармояи хориҷӣ аз ҷониби шарикони рус дархости лоиҳавӣ пешниҳод шуда, дар мавриди дастгирӣ ёфтани лоиҳаи  мазкур ба сохтмони он шуруъ мекунанд”.    

      Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат шуморида, ба рушди бунёдии илму маориф диққати махсус зоҳир мекунад. Тибқи маълумоти оморӣ дар даврони Истиқлол дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 3020 бинои муассисаи таҳсилоти умумӣ ва бинои таълимии иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои 645 ҳазору 336 ҷойи нишаст дар як баст сохта мавриди истифодабарӣ қарор дода шудааст.

       Наҷибуллои Ҳомидҷон

радиои “Тоҷикистон”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *