5 нафар муштзан мамлакати моро дар мусобиқаи байналмилалии Босфор оид ба бокс, ки дар шаҳри Истанбули Туркия доир мешавад, муаррифӣ мекунанд.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, ин мусобиқа дирӯз оғоз шуда, то 21 март идома меёбад ва варзишгарон аз 25 давлат барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ ташол мекунанд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоира Зулқайнарова (-60кг) миёни бонувон, Аминҷон Сайрализода (-57кг), Бахтиёр Мирзомуҳаммад (-75кг), Шаббос Негматуллоев (-81кг) ва Сиёвуш Зуҳуров (+91кг) миёни мардон иштирок доранд.
Пештар аз ин ҳам манбаъ хабар дода буд, ки ҳамчунин, имсол дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон Чемпионати имсолаи Конфедератсияи бокси Осиё (ASBC) баргузор хоҳад гашт.
Чемпионати гузаштаи Осиё оид ба бокс соли 2019 дар Бангкоки Тайланд баргузор шуда буд, ки дар он варзишгари тоҷик Баҳодур Усмонов медали тилло ба даст овард.