Клуби футболи “Истиқлол”-и Душанбе марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 дар гурӯҳи “А” бо дастаҳои «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) ва «Шубоб Ал-Аҳли Дубай» (ИМА), инчунин ғолиби ҷуфти плей-оффи «Ал-Ғарафа» (Қатар) – АГМК (Ӯзбекистон) бозӣ мекунад.
Тавре аз ФФТ хабар додаанд, дар ин марҳила “Истиқлол”-ро 6 бозӣ интизор аст ва ин клуб 15 бозии аввалини худро бо дастаи футболи «Шубоб Ал-Аҳли Дубай»-и Имороти Муттаҳидаи Арабӣ анҷом хоҳад дод.
Гуфта мешавад, ки марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи асосии бошгоҳии Осиё, дар минтақаи Ғарб ба шакли мутамарказ аз 14 то 30 апрел ва дар минтақаи Шарқ бошад, аз 21 апрел то 7 май баргузор хоҳад шуд. Тибқи Тартиби баргузорӣ, аз рӯи натиҷаи ҷамъбасти марҳилаи гурӯҳӣ ба бозиҳои 1/8 ниҳоӣ ҳамаи ғолибони панҷ гурӯҳ ва боз се дастаи нишондодашон беҳтарин аз ҳамаи гурӯҳҳо роҳ меёбад.
Хотирасон мешавем, ки қаблан ҳам ФФТ хабар дода буд, ки Тоҷикистон макони баргузории марҳилаи гурӯҳии мутамаркази Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2021 дар гурӯҳи “F” гашт.
Дар ин гурӯҳ дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд иштирок мекунад ва рақибони дастаи “Хуҷанд” дастаҳои футболи АГМК ва ё “Насаф” (Узбекистон), «Олтин Асир» (Туркманистон) ва “Олой” (Қирғизистон) мебошанд.
«Марҳилаи гурӯҳии матамаркази Ҷоми КФО-2021 дар гурӯҳи “Е” бо иштироки барандаи Ҷоми Тоҷикистон, дастаи футболи “Равшан”-и Кӯлоб бошад, аз 14 то 20 май дар Бишкеки Қирғизистон мегузарад. Рақибони “Равшан” дар гурӯҳ қаҳрамони Қирғизситон – дастаи футболи “Дордой” ва ноиб-қаҳрамони Туркманистон – дастаи футболи “Аҳал” мебошанд”,- иттилоъ додааст манбаъ.