Афзоиши нархи газу бензин дар Тоҷикистон, оғози қабули довталабон дар Маркази миллии тестӣ ва 109-умин солгарди иди матуботи тоҷик, аз ҷумлаи муҳимтарин мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.
“Ҷумҳурият”
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 9 март суҳбати як мизи гирдро бо ширкати масъулин ва коршиносони риштаи журналистика таҳти унвони «Матбуот ва ҷомеаи муосир» чоп кардааст.
Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа зимни посух ба суоли хабарнигори Ҷумҳурият дар бораи ҷомеаи иттилоотии ҷаҳони имрӯз гуфтааст, ки тайи олҳои охир тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳам шабакаҳои телевизионии бурунмарзӣ зидди Тоҷикистон барномаҳои гуногун омодаву пахш мешаванд, аммо журналистони мо дар ҷавоб хомӯшанд. Ба гуфтаи Абдуҷаббор Раҳмонзода вақти он расидааст, ки ҳамаи расонаҳои кишвар дар ин ҳолат муттаҳид бошанд, зеро танҳо дар ин сурат метавон зидди чунин ҷангҳои иттилоотӣ мубориза бурд ва дар ин ҳолат бояд, ки аз номи худ ҷавоб гӯем, то рақибон нагӯянд, ки ин ҳамаро «фермаи ҷавоб» омода сохтааст.
Дар бахши дигаре аз суҳбатҳои хеш Абдуҷаббор Раҳмонзода таъкид кардааст, аз он ки аксари ҷавонон саргарми шабакаҳои иҷтимоӣ ҳастанд, метавонанд матлабҳояшонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ нашр намоянд, зеро ин тақозои замон аст. Дар баробари ин ба гуфтаи Академик Раҳмонзода ҳоло дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ва Донишгоҳи миллӣ ихтисосҳои веб – журналистика таъсис ёфта, қарор аст дар назди факултетҳои журналистикаи дигар донишгоҳҳо низ чунин ихтисос таъсис шавад.
“Садои мардум”
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи тозаи худ хабар додааст, ки 9 марти соли равон раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода, вакилон Солеҳа Холмаҳмадзода ва Сайҷаъфар Усмонзода дар кори конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи «Сиёсат, барномаҳо ва таҷрибаҳои бомуваффақият, аз нав дида баромадани қонунҳо, тавонмандсозии оилаҳо ва динамизми ҳаракатҳои иқтисодӣ», ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид, аз тариқи фосилавӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Конференсия бо ташаббуси Ассамблеяи парлумонии Осиё баргузор гардида, дар он намояндагони парлумонҳои кишварҳои Афғонистон, Озарбойҷон, Камбоҷа, Кипр, Амороти Муттаҳидаи Араб, Индонезия, Қазоқистон, Лубнон, Уммон, Покистон, Филиппин, Қатар, Россия, Таиланд, Туркманистон, Ветнам ва Яман низ ширкат варзиданд.
Ба навиштаи нашрия дар ин конфронс таъкид шудааст, ки камбизоатӣ, бекорӣ, нобаробарии иҷтимоӣ, тақсимоти синфӣ ва шаклҳои тағйирёбандаи муносибатҳо ва ҳамкориҳо ва тағйирёбии шаклҳои истеъмол дар замони муосир маъмулӣ гардида, қабули ҳама гуна идоракунии фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, нақшаҳо ва сиёсатҳои стратегӣ метавонад ба тақсимоти дурусти захираҳо ва маблағҳо мусоидат ва мушкилоти иқтисодиро бартараф созад.
“Asia-Plus”
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 11 март дар сармақолаи худ бо номи “Қимати сузишворӣ афзоиш меёбад”, сабабҳои болоравии нархи газу бензин дар Тоҷикистонро дар рӯзҳои охир баррасӣ кардааст. Нашрия менависад, ки аз аввали соли ҷорӣ то кунун нархи бензини навъи АИ-92 24,6%, сухти дизелӣ 14,7% ва гази моеъ 7% афзоиш ёфтааст.
Ба таъкиди муаллиф болоравии нархи нафти навъи БРЕНТ то ҳадди 70 доллар, афзоиши қимати содиротии бензин аз корхонаҳои коркарди нафти Русия аз 100 то 150 доллар ва беқурбшавии 16,6 дарсадии пули миллӣ, аз ҷумлаи муҳимтарин омилҳои болоравии нархи бензин, газ ва сӯхти дизелӣ дар Тоҷикистон дониста мешавад.
Бо назардошти он ки афзоиши қимати сузишворӣ боиси болоравии нархи дигар хизматрасониҳо дар кишвар мешавад, нашрия дар чунин вазъият бар зарурати додани имтиёзҳои андозӣ ба фурӯшандагони маводи сухт таъкид кардааст.
“Тоҷикистон”
Диловар Қодирзода муовини вазири маориф ва илм дар суҳбат ба ҳафтаномаи “Тоҷикистон” гуфтааст, ки дар соли таҳсили 2021-2022 тибқи қарори ҲТ 1280 квотаи президентӣ ҷудо шудааст. Дар ин миён 658 ҷой барои духтарон ва 622 ҷой барои писарон пешбинӣ шудааст, ки нисбати соли гузашта 28 ҷой зиёдтар аст.
Дар баробари ин Диловар Қодирзода гуфтааст, ки дар соли таҳсили 2020-2021 нахри шартномаи таҳсил барои ихтисосҳое, ки довталаб зиёд доранд аз 3 то 9 фоиз зиёд карда шуда, ҳамзамон барои ихтисосҳо бо талаботи кам нархи шартномаи таҳсил коҳиш дода шуд.
Нашрияи “Тоҷикистон” дар матлаби дигаре бо номи “Дирӯз, имрӯз ва фардои матбуоти тоҷик” аз журналистони саршинос суол кардааст, ки оё рӯзнома аз байн меравад? Профессор Мурод Муродӣ дар посух ба ин савол гуфтааст, ки вазъияти матбуоти имрӯзи тоҷик дар рақобат бо дигар васоити ахбор нигаронкунунда аст, бинобар ин матбуот бояд шаклашро дигар кунад.
Аз сӯи дигар Хуршеди Атовулло раиси Маркази таҳқиқоти журналистӣ гуфтааст, ки матбуотимустақил оҳиста-оҳиста аз байн рафта ба интернет мегузарад, зеро харҷаш камтар аст.
Дар баробари ин Аҳмади Иброҳим сармуҳаррири ҳафтаномаи “Пайк” пешниҳод кардааст, ки ҳукумат ба мисли матбуоти давлатӣ нашрияҳои хусусиро низ дастгирӣ намояд, зеро рӯзномаҳои хусусӣ маблағ надоранд. Дар ҳамин ҳол Далер Мерганов муовини сармуҳаррири нашрияи “Садои мардум” гуфтааст, ки паст будани тиражи рӯзномаҳо ба сатҳи касбияти журналистон рабт дошта, дар олами журналистикаи тоҷик ҳафтаномаҳое ҳастанд, ки тӯли солҳо мавқеи онҳо осебнопазир мондааст. Ба гуфтаи вай табиист, рӯзнома ва ҳафтаномањое, ки тими хуби корӣ, дурнамо надоранд ва сатҳи касбияти кормандонашон ба талабот ҷавобгӯ нест, онҳо то андозае аз ҳошия берун мешаванд.
“Фараж”
Нашрия “Фараж” дар шумораи рӯзи 10 март дар ҳошияи солгарди иди матбуоти тоҷик бо профессор Иброҳим Усмонов мусоҳиба анҷом дода, дар он масоили вобаста ба журналистикаи электронӣ, ва нақши шабакаҳои иҷтимоӣ дар фазои иттилоотӣ матраҳ шудааст.
Профессор Усмонов дар ин мусоҳиба интернетро хатарноктарин навъи журналистика ном бурда гуфтааст, ки ҳамин навъи журналистика дар кишвраҳои ақибмонда иғвову ҷанг ба вуҷуд дорад.
Номбурда дар бахши дигаре аз мусоҳибаи худ шабакаи иҷтимоии “Фейсбук”-ро чойхонагап унвон карда, гуфтааст, ки дар Фейсбук масъулият ва масъули умумӣ барои гуфтаҳо вуҷуд надорад, пас ин шакли журналистика шуда наметавонад.
Ҳамзамон дар идомаи ин баҳс профессор Усмонов таъкид кардааст, ки барои бастани даҳони шабакаҳои иҷтимоӣ кушиш кардан беҳуда аст, баръакс роҳе ёфтан зарур аст, ки “афсона” будани ин “хабарҳоро” худи хонанда дарк кунад.
Ҳафтаномаи “Фараж” дар матлабе дигаре бо номи “Чаро мансабдорон бояд мардумӣ бошанд” ин суолро матраҳ кардааст, ки чӣ бояд кард то дидани вазирону раисони Тоҷикистон дар байни мардум имконпазир шавад?
Муаллиф дар ин мақола зимни баррасии масъалаи канораҷӯии мансабдорон аз ҳузур дар миёни мардум, навиштааст, ки таҷрибаи чандинҳазорсолаи зиндагии башар нишон додааст, ки бар зидди норизоятии иҷтимоӣ намешавад мубориза бурд, балки бояд аллайҳи омилҳое, ки ин норизоиро ба вуҷуд овардаанд, ҷанг эълон кард.
Давлатов О.,
Радиои “Тоҷикистон”