Меваҷотро коршиносон махзани пурқимати ғизоӣ гуфтанд. Воқеан ин маҳсулоти табиӣ манбаи қанд, кислотахои органикӣ, намакҳои маъданӣ ва дигар моддаҳои пурарзиши ғизоӣ ҳастанд. Хусусан, меваҳои тару тоза аз витаминҳои барои организм ниҳоят зарурӣ бой мебошанд. Кишвари ҳамешабаҳори мо-Тоҷикистон дар ҷаҳон ҳамчун кишвари меваҳои шаҳдбор муаррифӣ гардидааст. Ҳамасола баробари фаро расидани фасли баҳор дар баробари деҳқонон боғпарварон низ сертараддуду серкор мешаванд. Агар дар ин давра марди боғбон вақташро самаранок гузаронад, ҳатман хонаш пурфайз мегардад. Нигоҳубини дурусти боғ ва анҷом додани корҳои саривақтии агротехникӣ боиси ба даст овардани ҳосили дилхоҳ мегардад.
Коршинос Рустамхӯҷа Қаландаров мегӯяд, ки «баҳор зудгузар аст, аммо барои боғбон вижагиҳои худро дорад. Тасаввур кунед, ки дар ин фасл боришот зиёд аст, албатта боришоти аз ҳад зиёди борон барои боғбон як қатор мушкилот эҷод мекунад».
Ҳамкаломи мо барои бартараф ва пешгирӣ намудани касалиҳои занбурӯғӣ ва бактериалӣ пошидани маҳлули бордосиро тавсия медиҳад.
«-Маҳлули бордосӣ маҳлули профилактикӣ буда, барои ҳашароти фоиданок безарар мебошад. Истифодаи васеи он барои муҳофизати боғу токзор, сабзавоту полезиҳо манфиат дорад. Ин маҳлул 1%-а, 3%-а ва 4%-а мешавад».
Маҳлули бордосӣ чӣ тавр тайёр карда мешавад?
Маҳлули бордосӣ = Сулфати мис + Охҳаки ношукуфта (гидрата кислый кальций) + Оби тоза.
Маҳлули бордосиро дар зарфи чубин ва пластикӣ тайёр карда мешавад. Ба дигар заҳрхимикатҳо ҳамроҳ карданаш мумкин нест. Маҳлули сулфати мисро ба маҳлули оҳаки ношукуфта оҳиста-оҳиста рехта, омехтаро мунтазам бо чуб кофтан лозим аст. Барои таёр кардани 100 литр маҳлули бордосии 1%, 1кг сулфати мис, 1 кг оҳаки ношукуфта ва 100 литр оби тоза лозим аст.
Дар баробари пешгирӣ аз ҳаргуна касалиҳои растанӣ дар фасли баҳор инчунин ғизодиҳии боғоту коркарди агротехники мавсимӣ низ барои боғпарвар нофеъ аст. Набояд фаромӯш кард, ки боғдорӣ яке аз ҷанбаҳои сердаромадтарини соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, барои таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ ва фарогирии мардуми деҳот бо ҷойи кори доимӣ мусоидат менамояд. Гузашта аз ин метавон бо содироти меваҳои шаҳдбори кишвар иқтисоди деҳотро таҳким бахшид, агар марди боғпарвар дар фасли баҳор боғро коркард кунаду барои пешгирӣ аз ҳаргуна зараркунандаҳо амалиёти агротехникӣ гузаронад, ҳатман барои ҳосили фаровону хушсифат замина мегузорад. Дар ин самт ба онҳо барор мехоҳем.
Муродулло Раҳимов,
Радиои «Тоҷикистон»