Паёми “Тоҷикистон”: Дар ин рӯз клуби футболи Милан таъсис ёфт

Обу ҳаво

9 март ҳаво дар вилояти Хатлон қисман абрнок шуда, дар водиҳо шабона 6+11° гарм, рӯзона 13+18° гарм мешавад. Дар доманакӯҳо ҳарорати ҳаво шабона 1+6 гарм рӯзона 9+14 гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори куҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда, асосан бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар ғарби вилоят шабона ҳарорати ҳаво 2-7° хунук, рӯзона 3+8° гарм, дар шарқи вилоят бошад, шабона аз 15 то 27 хунук ва рӯзона аз 0 то 12° хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрнок, шабона ва саҳаргоҳон бебориш аст. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 3+8° гарм, рӯзона 10+15° гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6° хунук рӯзона 5+10° гарм мешавад.

Ба иттилои Агентӣ имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво қисман абрнок мешавад. Дар пойтахт шабона ҳарорати ҳаво 6+8° гарм, рӯзона 14+16° гарм мешавад. Дар НТҶ шабона ва саҳаргоҳон бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 5+10° гарм, рӯзона 12+17° гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз -3 хунук то +2°, рӯзона 5+10° гарм мешавад.

Қурби асъор

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ чунин муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА баробар ба 11.30 сомонӣ, 1 евро баробар ба  13.49 сомонӣ ва 1 рубли русӣ баробар ба 150 дирам.

Тақвими рӯз

Барои мухлисони клуби футболи «Интернатсионал» ё Милан ин маълумот шояд ҷолиб бошад, ки ин клуб 9 марти соли 1908 таъсис дода шуд;

Дар ҳамин рӯзи соли 1918 истиқлолияти Ҷумҳурии Халқии Беларус эълон карда шуд;

9 марти соли 1933 дар ИМА  стандарти тиллоӣ, яъне тартиби пулӣ, дар асоси пардохти ягона дар асоси якчанд андозаи стандартикунонидаи тилло бекор карда шуд;

Ҳамин рӯзи соли 2010 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйири ном кард.

9 марти соли 2015 дар шуъбаи Венагии СММ ҷаласаи 58-уми Комиссияи СММ оид ба маводи мухаддир баргузор гардид;

Имрӯз Рӯзи байналмилалии дидҷей ва дар Белиз Рӯзи қаҳрамонони миллӣ ва эҳсонгар таҷлил мешавад.

Зодрӯз

9 март Ёрмаҳмад Аралов – киноактёр, наворбардор, Темур Атахонов – адабиётшинос, профессор, Абдувалӣ Бердиалиев – доктори илми филологӣ, профессор ва Нориниссо Бобоҷонова – арбоби фарҳангӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон таваллуд шудаанд. Ҳамчунин, Надежда Буткевич – арбоби фарҳангӣ, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон, Юрий Касаткин – доктори илми ҳуқуқ, профессор, Шавқат Маъруфов – журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон, Муҳаммадназари Муҳаммадзиё – нависанда ва Назрӣ Обидов – мутарҷим имрӯз зодрӯз доранд.

9 март ба рӯзи таваллуди Аскар Одинаев актёри театр, Умрӣ Сироҷиддинова – доктори илми тиб, профессор, Зубайдулло Шарифзода – нависанда, Марҳабо Юсуфова – наттоқи радио, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон ва Холиқназар Ҷумъаев – журналист рост меояд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *