Тоҷикистон макони баргузории марҳилаи гурӯҳии мутамаркази Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2021 дар гурӯҳи “F” гашт.
Дар ин бора ФФТ менависад, ки дар ин гурӯҳ дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд иштирок мекунад ва рақибони дастаи “Хуҷанд” дастаҳои футболи АГМК ва ё “Насаф” (Узбекистон), «Олтин Асир» (Туркманистон) ва “Олой” (Қирғизистон) мебошанд.
«Марҳилаи гурӯҳии матамаркази Ҷоми КФО-2021 дар гурӯҳи “Е” бо иштироки барандаи Ҷоми Тоҷикистон, дастаи футболи “Равшан”-и Кӯлоб бошад, аз 14 то 20 май дар Бишкеки Қирғизистон мегузарад. Рақибони “Равшан” дар гурӯҳ қаҳрамони Қирғизситон – дастаи футболи “Дордой” ва ноиб-қаҳрамони Туркманистон – дастаи футболи “Аҳал” мебошанд”,- иттилоъ додааст манбаъ.
Гуфта мешавд, ки Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021 дар шакли мутамарказ аз 14 то 20 май баргузор мешавад ва ғолибони гурӯҳҳои Осиёи марказии Ҷоми КФО-2021 дар бозиҳои ниҳоии минтақавӣ, ки аз рафту баргашт иборат ҳастанд, вомехӯранд. Ин бозиҳо рӯзҳои 11 ва 25 август баргузор хоҳанд шуд.
Ба иттилои манбаъ, дар сурати ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 роҳ ёфтани АГМК дар Ҷоми КФО-2021 Узбекистонро дастаи “Насаф” намояндагӣ мекунад. Дар сурати роҳ наёфтан ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 дастаи АГМК дар Ҷоми КФО-2021 баромад мекунад.
Ҷоми КФО-2021
Минтақаи марказӣ
Гурӯҳи «Е»
Макон – Бишкек, Қирғизистон
«РАВШАН» (ТОҶИКИСТОН)
«Дордой» (Қирғизистон)
«Аҳал» (Туркманистон)
Даври 1-ум
14 май (ҷумъа)
«Аҳал» (Туркманистон) – «РАВШАН» (ТОҶИКИСТОН)
Даври 2-юм
17 май (душанбе)
«Дордой» (Қирғизистон) – «Аҳал» (Туркманистон)
Даври 3-юм
20 май (панҷшанбе)
«РАВШАН» (ТОҶИКИСТОН) – «Дордой» (Қирғизистон)
Гурӯҳи «F»
Макон – Душанбе, Тоҷикистон
АГМК ва ё «Насаф» (Узбекистон)
«Олтин Асир» (Туркманистон)
«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН)
«Олой» (Қирғизистон)
Даври 1-ум
14 май (ҷумъа)
АГМК ва ё «Насаф» (Узбекистон) – «Олой» (Қирғизистон)
«Олтин Асир» (Туркманистон) – «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН)
Даври 2-юм
17 май (душанбе)
«Олой» (Қирғизистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)
«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – АГМК ва ё «Насаф» (Узбекистон)
Даври 3-юм
20 май (панҷшанбе)
АГМК ва ё «Насаф» (Узбекистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)
«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «Олой» (Қирғизистон)