Қасди худкушии зани 57-сола ва ду ҷавон

акс аз бойгонӣ

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ВМКБ дар соҳили дарёи Ғунди шаҳри Хоруғ ҷасади шахсияташ номаълумро пайдо карданд, ки худкушӣ кардааст.

Ба иттилои манбаъ, баъди баровардани ҷасад аз дарё маълум гардид, ки ӯ як зани 57-сола сокини ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ будааст. Сабаби даст ба худкушӣ задани ӯ маълум нест. Ҷасад барои таҳқиқу тафтиш ба мақмоти дахлдор супурда шуд.

Дар ҳамин ҳолат метавон илова кард, ки имрӯз ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксу наворҳо дар бораи қасди худкушӣ кардани як ҷавонзан дар шаҳри Хуҷанд дар болои пули дарёи Сир ва як ҷавони дигар дар болои пули қаторагузари наздикии Корхонаи нассоҷии Тоҷикистон дар пойтахт давр мезанад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *