Паёми “Тоҷикистон”: Донишкадаи исломӣ тағйири ном кард

Ангораи бинои нави Донишкадаи исломӣ

Обу ҳаво

3 марти соли 2021 дар шаҳри Бохтар ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0-0,5мм) дар назар буда, ҳарорати ҳаво шабона 6+8° гарм, рӯзона 17+19° гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида боришоти сусти борон борида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 5+10° гарм, рӯзона 15+20° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 1+6° гарм, рӯзона 12+17° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хоруғ ҳавои абрнок, боришоти суст (борон, барф) ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво шабона 4-6° хунук, рӯзона 4+6° гарм мешавад.  Дар ВМКБ дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят боришот (борон, барф) ба амал омада, дар шарқи вилоят асосан бебориш (0-0,5мм) дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6° хунук, рӯзона 2+7° гарм, дар шарқи вилоят шабона 18-23 хунук, (дар мавзеи Булункӯл то 32-34 хунук), рӯзона 2-7° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 7-12 хунук мешавад.

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорати ҳаво шабона 4+6° гарм, рӯзона 11+13° гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат борида, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришот (борон, барф) ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 3+8° гарм, рӯзона 9+14° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2°, рӯзона 3+8° гарм мешавад.

Ҳаво дар шаҳри Душанбе тағйирёбанда, баъзан ҳолатҳо боришоти сусти борон меборад. Ҳарорати ҳаво шабона 6+8° гарм, рӯзона 12+14° гарм мешавад. Дар НТҶ дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда, дар водиҳо боришоти сусти борон борида, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришот (борон, барф) ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 4+9° гарм, рӯзона 11+16° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -2+3°, рӯзона 4+9° гарм мешавад.

Қурби асъор

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА — 11.3045 сомонӣ;

1 евро – 13.5971 сомонӣ;

1 рубли русӣ — 0.1522 сомониро ташкил медиҳад.

Тақвими рӯз

 3 марти соли 1842 дар ИМА аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон қонун дар бораи танзими меҳнати кӯдакон қабул карда шуд;

Дар ин рӯзи соли 1973 Конвенсия оид ба савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоии зери хатари нобудшавӣ қарордошта қабул гардид;

Соли 1987 боксёри машҳури америкоӣ Майк Тайсон аввалин маротиба унвони чемпиони ҷаҳонро ба даст овард.

3 марти соли 1992 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Франсия муносиботи дипломатӣ барқарор карда шуданд.

Фаронса яке аз давлатҳое мебошад, ки соли 1991 мустақилияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф кард. Ташрифи котиби давлатии Фаронса оид ба корҳои хориҷӣ ҷаноби Ален Вивен ба шаҳри Душанбе моҳи марти соли 1992 далели гуфтаҳои болост. Дар рафти ташриф масъалаҳои мубрами сиёсати дохилӣ ва берунии ду мамлакат, роҳҳои инкишофи муносибатҳои дутарафа мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Инчунин маросими имзои протокол оид ба истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса баргузор гардид.

Миёни Тоҷикистону Фаронса 17 санади ҳамкории дуҷониба имзо шудааст, ки заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳои ду давлатро дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, маориф, фарҳанг ва илму техника, муосиргардонии инфрасохтори фурудгоҳи Душанбе, мудофиа, бехатарии дохилӣ ва ғайра ташкил медиҳад;

3 марти соли 2009  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармон ба имзо расониданд, ки тибқи он Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи исломии Тоҷикистон» ба Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам» тағйири ном кард;

Имрӯз – Рӯзи байналмилалии нависанда. Унвони пурраи ин ид  Рӯзи байналмилалии сулҳ барои нависанда буда, он дар конгресси  байналмиллалии ПЕН – клуб, ки аз 12 то 18 январи соли 1986 гузаронида шуда буд, таъсис ёфтааст.

ПЕН – клуб  соли 1921 дар Лондон бунёд гардида, номи он аз се ҳарфи аввали алифбои англист, ки дар айни замон ҳарфҳои нахустини вожаҳои шоир,  очеркист ва романистро дар англисӣ ба ҳам меорад. Аҷиб ин аст, ки худи вожаи пен дар анлисӣ маънои қаламро дорад.

Ғояи таъсиси ин ташкилот ба нависандазани англис  Кетрин Эми Доусон – Скот тааллуқ дошта,  президенти аввалини он нависандаи машҳур Ҷон Голсуорсӣ мебошад.

Мақсад ва ҳадафи таъсиси ин рӯзи байналмилалӣ «ҳимояи принсипҳои озодии ахбор дар дохили ҳар кишвар ва дар мобайни ҳама мамлакатҳост». Аъзои он вазифадор мешаванд ба муқобили фишори озодии сухан дар ҳама шаклҳои зуҳуроташ дар он кишварҳое мубориза баранд, ки мутааллиқи он ҳастанд ва ҳамчунин дар тамоми дунё, агар ин ба онҳо даст диҳад.

Аъзои ПЕН- клуб вазифадор шудаанд, ки ба  муқобили чунин зуҳуроти номатлуб мисли интишори маводи дурӯғин, ғалатандозии мақсаднок, таҳрифоти далелу рақамҳо ва истифодаҳои ғаразнок ба манфиатҳои сиёсӣ, гурӯҳӣ ва шахсӣ мубориза баранд.

Ҳамчунин, Рӯзи байналмилалии табиати ёбоӣ, дар Қирғизистон – Рӯзи парчами давлатӣ ва дар Судон – Рӯзи ваҳдати миллӣ таҷлил мешавад.

Зодрӯз

Соли 1894 — Акашариф Ҷӯраев, ҳофизи мардумии Тоҷикистон. 

Соли 1919 — Александр Усенко, шоири русзабони Тоҷикистон. 

Соли 1940 — Баҳром Сироҷев, собиқадори соҳаи энерджии Русия.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *