Ҷои дуюми тими Тоҷикистон дар Тошканд

Дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ дар шаҳри Тошканд варзишгарони мо дар сабқати даставии камонварӣ ҳам миёни мардон ва ҳам миёни бонувон медали нуқра ба даст оварданд.

Ин мусобиқа 22-27 феврал баргузор шуд ва дар тими мунтахаби Тоҷикистон аз бонувон Мавзуна Азимова, Фирӯза Зубайдова ва Фирӯза Давлатова ва аз мардҳо Анушервон Раҳимӣ, Умед Раҳмонов ва Абдуғаффор Рустамов ширкат карданд.
Тавре Кумитаи миллии олимпӣ менависад, варзишгарони мо дар сабқати даставии камонварӣ ҳам миёни мардон ва ҳам миёни бонувон медали нуқра ба даст оварданд. Дар ҳар ду қувваозмоӣ варзишгарони Узбекистон ғолиб шуданд. Ҷои сеюм насиби дастаи Қирғизистон шуд.

Гуфта мешавад, ки Кумита соли гузашта давоми се моҳ Барномаи рушди сохтори Федератсияи камонварии Тоҷикистонро табиқ кард, ки дар ҷараёни он курсҳои омӯзишӣ барои доварон, мураббиён ва масъулини федератсия доир гардид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *