Се чаҳорум ҷамъияти моҳиҳои муҳоҷир нобуд шудааст

Бар асоси як гузорише, ки КҲФ ба нақл аз ВВС навиштааст, гуфта мешавад, ки хатари офати “фоҷеабор” моҳиҳои обҳои ширинро таҳдид мекунад.

Ба гуфтаи муаллифон имрӯзҳо миллионҳо нафар дар саросари олам барои таъмини зиндагии худу фарзандонашон ба моҳидорӣ машғуланд, яъне моҳиҳо сарчашмаи ризқи фаровони зиндагӣ барои бахше аз мардуми Сайёра мебошанд. Ин аст, ки гурӯҳҳои фаъоли ҳифозат аз муҳити зист мегӯянд, ки инқирози 80 гуна аз ин моҳиҳо тайид шудааст, ки 16 мавриди онҳо фақат дар як соли ахир иттифоқ уфтодааст.

Дар гузориши “Моҳиҳои фаромӯшшудаи ҷаҳон”, ҳамчунин омадааст, ки шуморе аз ин моҳиҳо бо сабаби  олудагӣ, сайди беандешаву бе  риояи ҳар гуна қонуну қоида, садсозӣ ва холӣ кардани оби рӯдхонаҳо ба шиддат коҳиш ёфтааст ва дар 50 соли охир се чаҳорум ҷамъияти моҳиҳои  муҳоҷир нобуд шудааст. Дар ҳамин муддат ҷамъияти гунаҳои  бузургтар, масали тосмоҳиҳо 94 дарсад кам шудааст.

“Дар обҳои ширини Британия тосмоҳиҳо ва моҳиҳои ришдор нопадид шудаанд ва озодмоҳиҳо дар ҳоли нопадид шудан мебошанд, моҳиҳои аврупоӣ бошанд дар ҳоли хатари шадиди нобудӣ қарор доранд. Гуфта мешавад, ки як сабаби ин ҳолати фоҷеабор ба вазъи рӯдхонаҳо вобаста аст, ки инсонҳо хеле олуда кардаанд, саддҳо гузоштаанд ва басо берабту низом ва бидуни қоида моҳигирӣ мекунанд”, навиштааст манбаъ.

ВВС, ки гузориши интишорёфтаро хулоса мекард, навиштааст: Ин гузориш таҳти унвони “Моҳиҳои фаромӯшшудаи ҷаҳон”-ро 16 гурӯҳи  ҳифозат аз муҳити зист аз ҷумла “Анҷумани ҷонваршиносони Лондон”, Созмони ҷаҳонии ҳифозат аз ҳаёти ваҳшӣ ва Ҳифозат аз табиат таҳия кардаанд. 

Дар обҳои ширини Британия тосмоҳиҳо ва моҳиҳои ришдор нопадид шудаанд ва озодмоҳиҳо дар ҳоли нопадид шудан мебошанд, моҳиҳои аврупоӣ бошанд дар ҳоли хатари шадиди нобудӣ қарор доранд.

Гуфта мешавад, ки як сабаби ин ҳолати фоҷеабор ба вазъи рӯдхонаҳо вобаста аст, ки инсонҳо хеле олуда кардаанд, саддҳо гузоштаанд ва басо берабту низом ва бидуни қоида моҳигирӣ мекунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *