Тағйири ном дар як қатор обектҳои Бадахшон

Дар иҷлосияи панҷуми даъвати шашуми Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ бар асоси рӯзномаи маҷлис масъалаи дигар кардани як қатор обектҳои вилоят баррасӣ гашт.

Ба иттилои сомонаи вилоят раиси комиссияи МИҲД вилоят оид ба номгузорӣ, дигар кардани номи корхонаҳои давлатӣ, фурудгоҳҳо, ташкилоту муассисаҳо, таълимгоҳо, инчунин обектҳои физикиву ҷуғрофӣ ва масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тасдиқи қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хоруғ дар бораи номгузори кардани ҶСКФ фурудгоҳи шаҳри Хоруғ ба номи собиқ сардори фурудгоҳ корманди шоистаи авиатсия ва нақлиёт Махсутшоев Дилдорбек, инчунин тасдиқи қарори маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дарвоз дар бораи номгузори намудани МТМУ №39-и деҳаи Пастироҳи ноҳияи Дарвоз ба номи Сафаров Сафар ва тасдиқи қарори вакилони халқи ноҳияи Дарвоз дар бораи номгузор намудани МТМУ № 23 –и деҳаи Жаки ноҳияи Дарвоз ба Исломов Садриддин, инчунин тасдики қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ишкошим дар бораи тағир додани номи қуллаи комсамоли Украина ба қуллаи Боми Чаҳон қироат намуда, қарори маҷлиси вакилони халқи ВМКБ қабул гардид.

Бояд гуфт, ки дар оғози маҷлис раиси Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ, раиси вилоят Ёдгор Файзов маълумот манзур намуда, тазаккур дод, ки соли 2020 новобаста ба бурузи бемории Ковид 19 дар хамаи самтҳои хоҷагидории вилоят соли бобарор ва муваффакиятомез ҷамъбаст гардид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *