Ҳафтаи гузашта дар толори «Муассисаи давлатии маркази тайёрии олимпии дастаҳои мунтахаб»-и шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо байни наврасони соли таваллудашон 2004-2006 баргузор гардид, ки дар он 166 варзишгар аз минтақаҳои кишвар ширкат карданд.
Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон варзишгарони наврас тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо аз рӯи 8 картегорияи вазнӣ: -50кг, -55кг, -60кг, -66кг, -73кг, -81кг, -90кг ва +90кг рақобат карда, дар натиҷа миёни варзишгарони вазнашон то 50 кг аз 46 варзишгар Ҷурахон АМИРХОНЗОДА (Хатлон-1), то 55кг аз 48 нафар Абдулло КУКАНШОЕВ (бошгоҳи «Ҳоҷӣ Шариф», Душанбе), то 60кг аз 40 нафар Бобоҷони МУҚТАДИР (Душанбе), то 66 кг аз 29 нафар Аббоси ҲОДИХОН (Душанбе), то 73 кг аз 23 нафар Эҳсон ИСКАНДАРЗОДА (Душанбе-2), то 81 кг аз 8 нафар Сомон КИШВАРОВ (Душанбе), то вазни 90 кг аз 8 нафар Муҳсинҷон МАЛАЕВ (Душанбе-2) ва миёни варзишгарони вазнашон аз 90 кг боло Парвиз АБДУРАҲМОНОВ (Душанбе-2) ҷойҳои аввалро соҳиб шуданд.
Бояд гуфт, ки дар ҳар категорияи мусобиқа 1 ҷойи якум, 1 ҷойи дуюм ва 2 ҷойи сеюм мавҷуд буд.