Обу ҳаво
26 феврали соли 2021 ҳаво дар шаҳри Бохтар тағйирёбандаи бебориш шуда, тормеғ (туман) мефарояд. Ҳарорати ҳаво шабона 3-5° хунук, рӯзона 5+7° гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳаво асосан бебориш (0-0,5мм) дар назар буда, дар водиҳо шабона 3-8° хунук, рӯзона 2+7° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 7-12° хунук, рӯзона 0-5° хунук мешавад.
Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ҳаво дар шаҳри Хоруғ қисман абрнок, дар баъзе ҳолатҳо барф меборад. Ҳарорати ҳаво шабона 3-5° хунук, рӯзона 0-2° хунук мешавад. Дар ВМКБ ҳавои қисман абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида барф пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7° хунук, рӯзона -4+1°, дар шарқи вилоят шабона 9-14° хунук, рӯзона 1-6° хунук мешавад.
Дар шаҳри Хуҷанд ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, ҳарорати он шабона 10-12° хунук, рӯзона 1-3° хунук мешавад. Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0-0,5мм) дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 9-14° хунук, рӯзона -4+1°, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 13-18° хунук, рӯзона 3-8° хунук мешавад.
Ба иттилои Агентӣ дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда, шабона ва саҳаргоҳон баъзан ҳолатҳо боришоти сусти барф борида, рӯзона бебориш, тормеғ (туман) мефарояд. Ҳарорати ҳаво шабона 6-8° хунук, рӯзона 3+5° гарм мешавад. Дар НТҶ ҳавои тағйирёбанда, шабона ва саҳаргоҳон дар ноҳияҳои алоҳида баъзан ҳолатҳо барф борида, рӯзона асосан бебориш (0-0,5мм) дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 4-9° хунук, рӯзона 1+6° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 10-15° хунук, рӯзона -3+2°, дар баъзе ноҳияҳо то 3-8 хунук мешавад.
Ҳамчунин, огоҳ карда мешавад, ки шабонарӯзи наздик бо сабаби якуякбора пастшавии ҳарорати ҳаво дар бештари ноҳияҳои водӣ-доманакӯҳии кишвар эҳтимолияти зиён дидан ва қисман нобуд гардидани зироатҳои хоҷагии қишлоқ, гулҳои ороишӣ ва дарахтони мевадиҳанда дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Дар роҳҳои нақлиётгарди ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳӣ пайдоиши қабати барф ва яхбандӣ дар назар аст. Рӯзҳои 26-28 феврал дар ноҳияҳои кӯҳии НТҶ, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ эҳтимолияти фаромадани тарма пешгӯӣ мешавад.
Қурби асъор
1 доллари ИМА — 11.3045 сомонӣ;
1 евро – 13.8277 сомонӣ;
1 рубли русӣ — 0.1530 сомониро ташкил медиҳад.
Қурб бидуни ӯҳдадории Бонки миллии Тоҷикистон дар хусуси харидорӣ ё фурӯши асъорҳои нишондодашуда бо ин нарх муқаррар шудааст. Қурби мазкур барои бонкҳои ваколатдор дар муайянкунии қурби хариди асъори хориҷӣ аз мизоҷонаш асос шуда наметавонад.
Тақвими рӯз
26 феврали соли 1936 дар Германия аввалин автомобили «халқӣ»- «Волксваген» истеҳсол карда шуд.
Соли 1992 Тоҷикистон ба САҲА ҳамроҳ шуд. Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) аз соли 1994 оғоз ёфт. Айни ҳол, ҳамкорӣ бо САҲА бо назардошти дурнамои ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ ва афзалиятҳои кишвар дар ченакҳои ҳарбӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-экологӣ ва инсонӣ, бахусус дар самтҳои ислоҳоти милитсия, пешгирии коррупсия, мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, зӯроварӣ дар оила, масъалаҳои гендерӣ, ҳуқуқи инсон, масъалаҳои сарҳадӣ, поксозии башардӯстонаи минаҳо ва иқтисодию экологӣ дар сатҳи лозима қарор дорад.
26 феврали соли 1995 аввалин маротиба дар Тоҷикистони соҳибистиқлол интихоботи парлумонӣ баргузор гардид.
Дар ҳамин рӯзи соли 2014 Консепсияи пешрафти инноватсионии комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.
26 феврали соли 2017 дар намоишгоҳи техникӣ-коммуникатсионӣ дар Барселона тамғаи навкардашудаи телефони Nokia 3310 ба тамошо гузошта шуд.
Имрӯз Рӯзи байналмилалии фориғболӣ аст.
Зодрӯз
Меҳрӣ Абдуллоева (1931) – раққоса, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
Карим Абдулов (1939-2011) – доктори илми таърих, профессор, нависанда, Корманди шоистаи Тоҷикистон.
Зебо Давлатшоева (1969) – рассом.
Соҳиба Давлатшоева (1970)- сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
Наргиси Карим (1975)- шоира.
Усмон Раҷабов (1950)- меъмор.
Раиса Савина (1925) – доктори илми тиб, профессор.
Нозим Сафаров (1939) – доктори илми таърих.
Ҷамшеди Саъдулло (1961)- публисист.
Абдувадуд Файзиев (1942)- актёри театр.
Аҳмад Юсуфов (1928 – 1987) – доктори илми тиб, профессор.