Ба нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ барои соли таҳсили 2021-2022 тағйирот ворид гардид.
Вобаста ба тағйироти баамаломада, Маркази миллии тестӣ хабар додааст, ки баъзе аз ихтисосҳо аз феҳристҳо хориҷ гардида, маблағи шартномаи таҳсил дар баъзе аз муассисаҳои таълимӣ кам ё зиёд шуд. “Азбаски ин тағйиру иловаҳо баъд аз чопи дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб” сурат гирифтаанд, ба довталабон тавсия медиҳем, ки барои интихоби ихтисосҳо аз феҳристҳое, ки дар шакли чопӣ дар ҳар як нуқтаи бақайдгирӣ дастрас аст, истифода намоянд. Гунаи электронии феҳристҳои ихтисосҳо дар сомонаи Марказ низ бо дарназардошти тағйиру иловаҳои зикршуда ҷой дода шудаанд”, менависад манбаъ ва ба довталабоне, ки ихтисосҳоро бо истифода аз гунаи чопии дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб” аллакай интихоб кардаанд, тавсия дода мешавад, ки бори дигар интихобҳояшонро бо истифода аз маводди нави нуқтаҳои бақайдгирӣ ё дар сомонаи Марказ ҷойдошта муқоиса намоянд.
Бино ба иттилои манбаъ, баъзе ихтисосҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе, Коллеҷи металлургии шаҳри Турсунзода ва Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода ҳаҷми маблағи шартномаи таҳсилашон тағйирёфта, ихтисоси “Идораи давлатӣ” (рӯзона ва ройгон)-и ДМТ аз гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум ба гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм ва ихтисоси “Реклама” (рӯзона ва ройгон; рӯзона ва пулакӣ; фосилавӣ ва пулакӣ)-и Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон аз гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм ба гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм гузаронида шудаанд.
Ҳамчунин, ихтисосҳои зер аз феҳристи ихтисосҳо хориҷ карда шудаанд:
1. Аз Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ш. Панҷакент:
1) 1-210502-08 – “Забони хориҷӣ (забони хитоӣ)” (рӯзона ва пулакӣ);
2) 1-210601-02 – “Забони немисӣ (тарҷума)” (рӯзона ва пулакӣ);
3) 1-210601-02 – “Забони японӣ (тарҷума)” (рӯзона ва пулакӣ);
4) 1-010202-03 – “Таҳсилоти ибтидоӣ санъати мусиқӣ” (рӯзона ва пулакӣ; фосилавӣ ва пулакӣ);
5) 1-210301-02 – “Таърих. Бостоншиносӣ” (рӯзона ва пулакӣ; фосилавӣ ва пулакӣ);
6) 1-020504-04 – “Физика. Эҷодиёти касбӣ” (рӯзона ва пулакӣ; фосилавӣ ва пулакӣ);
7) 1-020602-08 – “Технология” (меҳнати техникӣ). Эҷодиёти техникӣ (рӯзона ва пулакӣ; фосилавӣ ва пулакӣ);
8) 1-020405-03 – “География. Биология” (рӯзона ва пулакӣ; фосилавӣ ва пулакӣ);
9) 1-260202-10 – “Менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ” (рӯзона ва пулакӣ; фосилавӣ ва пулакӣ);
10) 1-250108-18 – “Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар соҳаи маориф” (рӯзона ва пулакӣ; фосилавӣ ва пулакӣ);
11) 1-03010602 – “Санъати тасвирӣ, нақшакашӣ ва технология” (рӯзона ва пулакӣ; фосилавӣ ва пулакӣ);
12) 1-010102-06 – “Таҳсилоти томактабӣ – равоншиносии амалӣ” (рӯзона ва пулакӣ; фосилавӣ ва пулакӣ).
2. Аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон:
1) 1-80020103 – “Иммунология” (рӯзона ва пулакӣ).