Паёми “Тоҷикистон”: Вазъи обу ҳаво ноустувор боқӣ мемонад

Обу ҳаво

Имрӯз дар шаҳри Бохтар ҳавои тағйирёбанда, баъзан ҳолатҳо боришоти сусти борон борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво шабона 6+8° гарм, рӯзона 13+15° гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борон борида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) дар назар буда, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 15-20м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 4+9° гарм, рӯзона 11+16° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0+5° гарм, рӯзона 8+13° гарм мешавад.

Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар шаҳри Хоруғ ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо боришот (борон, барф) ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво шабона 0-2° хунук, рӯзона 4+6° гарм мешавад.  Дар ВМКБ ҳавои абрнок, дар ғарби вилоят боришот (борон, барф), дар баъзе ноҳияҳо бошиддат ба амал омада, дар ноҳияҳои алоҳидаи шарқии вилоят барф меборад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона -4+1°, рӯзона 2+7° гарм, дар шарқи вилоят шабона 16-21° хунук, рӯзона 1-6° хунук мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Ҳарорати ҳаво шабона 2+4° гарм, рӯзона 5+7° гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳо борон (шабона дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр барф) ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1+6° гарм рӯзона 4+9° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -4+1°, рӯзона 2+7° гарм мешавад.

Ба иттилои Агентӣ дар шаҳри Душанбе ҳавои қисман абрнок, дар баъзе ҳолатҳо борон борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво шабона 3+5° гарм, рӯзона 11+13° гарм мешавад.  Дар НТҶ ҳавои абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида борон (шабона дар баландиҳои зиёда аз 2000метр борон, барф) дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бошиддат ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) дар назар буда, раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1+6° гарм, рӯзона 9+14° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5° гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 0-5° хунук, рӯзона 3+8° гарм мешавад.

Ҳамчунин, огоҳ карда мешавад, ки рӯзҳои 24-26 феврали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ноустувории вазъи обу ҳаво боқӣ монда, боришот  (24 феврал борон, шабона дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр барф, 25 феврал дар ноҳияҳои водӣ-доманакӯҳӣ борон бо гузариш ба барф, 26 феврал дар бештари ноҳияҳо барф), рӯзҳои 24-26 феврал  дар баъзе ноҳияҳо бошиддат меборад. Рӯзи 25 феврал ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 12-140 паст мешавад. Бо сабаби якуякбора пастшавии ҳарорати ҳаво дар бештари ноҳияҳои водӣ-доманакӯҳии кишвар эҳтимолияти зиён дидани зироатҳои хоҷагии қишлоқ, гулҳои ороишӣ ва дарахтони мевадиҳанда дар назар аст. Рӯзҳои 24-26 феврал дар ноҳияҳои кӯҳии НТҶ, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ эҳтимолияти фаромадани тарма пешгӯӣ шуда, дар роҳҳои нақлиётгард пайдоиши қабати барф ва яхбандӣ дар назар аст. Дар ноҳияҳои водибуда ва доманакӯҳии вилояти Хатлон ва НТҶ фаромадани сел аз эҳтимол дур нест.

Қурби асъор

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА — 11.3035 сомонӣ;

1 евро – 13.7383 сомонӣ;

1 рубли русӣ — 0.1528 сомониро ташкил медиҳад.

БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад».

Тақвими рӯз

24 феврали соли  1910 дар Шветсия дастаи футболи «Малмё» таъсис дода шуд;

24 феврали соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии баъзе маблағҳои онҳо»-ро ба имзо расониданд;

Соли 2011 дар Германия босуръаттарин ва гаронтарин дучарха дар таърихи олам  истеҳсол карда шуд, ки 100 км-соат суръат ва 60 миллион евро арзиш дошт;

24 феврали соли 2014 дар Тоҷикистон дар пояи Институти физикаю математикаи АИ ҶТ корхонаи истеҳсоли моеъи нитроген (азот) ифтитоҳ гардид. Иқтидори истеҳсолии корхонаи мазкур дар як сол 300 тоннаро ташкил медиҳад;

Имрӯз дар Эстония Рӯзи истиқлол ва дар Мексика Рӯзи парчам аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *