Дар роҳи Душанбе-Чанок 6 тарма фуромад

Дирӯз дар  роҳи мошингарди Душанбе-Чанок 6 тарма фаромад ва кормандони “IRS” тармаҳои хурду бузургро бартараф намуданд.

Гуфта мешавад, ки давоми панҷ рӯзи охир дар ин шоҳроҳ бориши барфу борон пуршиддату давомдор буда, дар ин замина, тармафароӣ зиёд аст. Ба иттилои “IRS”, кормандони он талош доранд, то ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиётро таъмин намоянд. Дар ин мавсим фаъолияти шабонарӯзӣ роҳандозӣ шуда, роҳ мунтазам аз барф тоза ва бо маводи зиддилағжиш коркард мешавад.

“Дар робита ба ин, ҳамкорӣ бо Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсеа ва тақвият бахшида шуд”, – илова намудааст маркази матбуоти филиали Ширкат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба «Ховар».

Ширкат ба маълумоти ронандагон мерасонанд, ки дар ин мавсим ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт, риояи талабот ва меъёрҳои муқарраршудаи бехатарии ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла, бо лавозимоти ҳимоявӣ (симтобаи кашолакунӣ, занҷир, болиштаки зиддиғелиш ва ғайра) муҷаҳҳаз будан бояд пайваста дар мадди назарашон бошад.

Бояд гуфт, ки рӯзҳои 21-22 феврал ҳам дар дар роҳи мошингарди Хоруғ-Ишкошим 16 ҳодисаи лағзиши тарма ва дар қаламрави деҳаи Риҷисти ҷамоати Қурбоншоҳ Гадоеви ноҳияи Роштқалъа резиши санг ба қайд гирифта шуд.

Дар шарҳи ҳодиса Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки сангрезиши Роштқалъа як хонаи истиқоматиро қисман вайрон кард. Офати табиӣ талафоти ҷонӣ надошт ва барои тоза кардани барфтӯдаҳо хадамоти роҳи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон техникаи махсус ҷудо кард, то паёмадҳои ин офат бартараф карда шавад.

Дар ҳамин ҳол, Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳ мекунад, ки рӯзҳои 24-26 феврали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ноустувории вазъи обу ҳаво боқӣ монда, 24 феврал борон, шабона дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр барф, 25 феврал дар ноҳияҳои водӣ-доманакӯҳӣ борон бо гузариш ба барф, 26 феврал дар бештари ноҳияҳо барф бошиддат меборад. Бо сабаби якуякбора пастшавии ҳарорати ҳаво дар бештари ноҳияҳои водӣ-доманакӯҳии кишвар эҳтимолияти зиён дидани зироатҳои хоҷагии қишлоқ, гулҳои ороишӣ ва дарахтони мевадиҳанда дар назар аст. Рӯзҳои 24-26 феврал дар ноҳияҳои кӯҳии НТҶ, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ эҳтимолияти фаромадани тарма пешгӯӣ шуда, дар роҳҳои нақлиётгард пайдоиши қабати барф ва яхбандӣ дар назар аст. Дар ноҳияҳои водибуда ва доманакӯҳии вилояти Хатлон ва НТҶ фаромадани сел аз эҳтимол дур нест.

Ба сабаби бад шудани вазъи ҳаво Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳо аз чорвочаронӣ, ғунучини ҳезум, сафар ба маҳалҳои кӯҳӣ, сайругаштҳо дар минтақаҳои тармахезу сангрез худдорӣ кунанд ва хеле эҳтиёткор бошанд. Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми тарҳрезии сафарҳои худ аввал дар бораи вазъи роҳҳо иттило пайдо кунанд, ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ фосилаи байни мошинҳоро риоя намоянд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ хотиррасон мекунад: хатари лағзиши тарма ва санг боқӣ мондааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *