Боғдорӣ яке аз ҷанбаҳои сердаромадтарини соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, барои таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ ва фарогирии мардуми деҳот бо ҷойи кори доимӣ мусоидат менамояд. Гузашта аз ин Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷаҳониён ҳамчун мамлакати офтобии дорои обҳои мусаффо, табиати нотакрор, мавзеъҳои зиёди сайёҳӣ ва аз ҳама бештар, макони меваҳои шаҳдбор мешиносанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ рушди соҳаи боғу токпарвариро яке аз омилҳои асосии баландшавии иқтисодиёт ҳисобиданд. Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки баробари амалишавии барномаҳои давлатӣ дар самти рӯшди соҳаи мазкур дар Тоҷикистон корхонаҳои бузурги саноатӣ ва боғҳои калони мевадиҳанда рӯз аз рӯз афзун мегарданд.
Коршиноси соҳа Раҳмонқул Раҳматуллоев мегӯяд, ки иқлими Тоҷикистон барои рушди боғдорӣ мувофиқ аст. Таърих то ба ҳол боғоти машҳури шаҳрҳои қадимии тоҷикнишин, аз ҷумла Самарқандро, ки бо Боғи Зоғғон, Боғи Баланд, Боғи Биҳишт, Боғи Давлатобод, Боғи Дилкушо, Боғи Майдон, Боғи Нав, Боғи Чинор, Боғи Шамол, Боғи Ҷаҳоннамо машҳур буданд, дар ёд дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ масъалаи вусъати истеҳсолоти кишоварзиро бо мақсади таъмини пурраи аҳолии мамлакат бо маҳсулоти ватанӣ таъкид дошта, дастур доданд, ки аз ҳисоби заминҳои бекорхобидаву доманакӯҳҳо майдони боғу токзор мунтазам зиёд карда шаванд.
Мавлон Комилов яке аз собикадори сохаи ниҳолпарварӣ ҷонибдорӣ аз ин иқдом намуда мегӯяд, ки агар корҳои агротехникӣ дар боғот саривақт амали гардад, самараи заҳмати боғбон бамаротиб судманд мегардад.
Воқеан ҳам, яке аз шартҳои асосӣ дар соҳаи боғдорӣ дар баробари интихоби дурусти замин интихоби ниҳоли босифат аст, агар марди боғпарвар ҳангоми бунёди боғ заминро дуруст, ниҳолро босифат ва корҳои агротехникиро саривақт иҷро кунад, ҳатман барои ҳосили фаровону хушсифати боғи навбунёд замина мегузорад. Гузашта аз ин парвариши дарахтони мевадиҳанда ва фурӯши маҳсулоти онҳо имкон медиҳад, то ҷойҳои нави корӣ пайдо гардаду буҷаи барзгар ғанӣ ва ба ин васила сатҳи зисти мардум боло равад.
Муродулло Раҳимов,
Радиои «Тоҷикистон»