Давоми соли 2020 дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 143 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионӣ дошта ошкор карда шуд.
Бино ба иттилои сардори Раёсати Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Перзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ Зоҳир Ғаффорзода аз ин теъдод маблағи зарар 2 536 928 сомониро ташкил додааст, ки аз ин ҳисоб 650833 сомонӣ рўёонда, барои баргардонидани 540 ҳазор сомонӣ ба судҳо аризаҳои даъвогӣ ирсол гардиданд. Ҳамчунин, гута шуд, ки соли 2020 дар натиҷаи санҷиши фаъолияти объектҳои хоҷагирдории давлатӣ 1700 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардида, 1393 ҳазор сомонӣ ба буҷети давлат баргардонида шуд.
Сардори Раёсат дар нишасти матбуотӣ қайд кард, ки аксари ин ҷиноятҳо хусусияти исрофкорӣ, тасарруфи молу мулки ба қарз додашуда, соҳибкории ғайриқонунӣ, ғайриқонунӣ додани қарз, сохтакории хизматӣ буда, 35 – тои онҳо ғайрикоррупсионӣ дониста шудаанд. Ҷиноятҳои корррупсионӣ ва иқтисодии характери коррупсионӣ дошта, ба соҳаҳои маориф ва илм, ҳифзи иҷтимоӣ ва тандурустӣ, бонкдорӣ, хоҷагии ҷангал, ҷамъиятҳои дорои масъулияташон маҳдуд ва соҳибкории инфиродӣ марбут мебошанд.