Паёми “Тоҷикистон”: Дар Лос-Анҷелес заминҷунбии 6,6- балла ба вуқӯъ пайваст

Обу ҳаво

Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар шаҳри Бохтар ҳавои тағйирёбанда, шабона ва саҳаргоҳон борони кӯтоҳмуддат бирида, шабона 7+9° гарм, рӯзона 15+17° гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман)-и тунук мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 5+10° гарм, рӯзона 14+19° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 3+8° гарм, рӯзона 7+12° гарм мешавад.

Ба иттилои манбаъ ҳарорати ҳаҷо дар шаҳри Хоруғ шабона 3-5° хунук, рӯзона 0-2° хунук мешавад. Дар ВМКБ ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии вилоят боришот (борон, барф) ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳои шарқии вилоят боришоти сусти барф меборад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8° хунук, рӯзона -2+3°, (дар ноҳияҳои Дарвоз 6+8 гам), дар шарқи вилоят шабона аз 6-11 хунук то 20-25° хунук, рӯзона 2-7° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 8-13 хунук мешавад.

9 феврали соли 2021 дар шаҳри Хуҷанд ҳавои абрнок, шабона ва саҳаргоҳон боришоти сусти борон борида, рӯзона бебориш дар назар буда, шабона 7+9° гарм, рӯзона 12+14° гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои водибуда борони кӯтоҳмуддат борида, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боришот (борон, барф) ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман)-и тунук мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 5+10° гарм, рӯзона 10+15° гарм дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 0+5 гарм, рӯзона 2+7° гарм мешавад.

Ҳарорати ҳаво дар шаҳри Душанбе абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорати ҳаво шабона 7+9° гарм, рӯзона 12+14° гарм мешавад. Дар водиҳои НҶТ борони кӯтоҳмуддат борида, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боришот (борон, барф), дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ бошиддат ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 5+10° гарм, рӯзона 11+16° гарм дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2°, рӯзона 3+8° гарм мешавад.

Қурби асъор

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА — 11.3020 сомонӣ;

1 евро – 13.6155 сомонӣ;

1 рубли русӣ — 0.1514 сомониро ташкил медиҳад.

БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад».

Тақвими рӯз

9 феврал Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Амонатбонк», Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» оид ба ҷамъбасти соли 2020  нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

БДА «Амонатбонк» нишасти матбуотиро соати 09:00 дар бонки мазкур баргузор менамояд.

Нишасти матбуотии Иттифоқи «Тоҷикматлубот» соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Иттифоқи «Тоҷикматлубот баргузор шуда, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ соати 11:00 дар агентии мазкур нишасти матбуотӣ доир менамояд.

Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа соати 14:00 дар Агентии мазкур ва Вазорати кишоварзӣ соати 15:00 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд;

9 феврали соли 1941 Испания ва Германия дар бораи ҳамкорӣ шартномаи махфӣ ба имзо расониданд;

Дар ин рӯзи соли 1955 дар Чин хизмати ҳарбии  ҳатмӣ ҷорӣ гардид;

9 феврали соли 1971 дар Лос-Анҷелес (ИМА) заминҷунбии 6,6- балла ба вуқӯъ пайваст, ки дар натиҷа 59 ҳазор нафар ба ҳалокат расида, садҳо нафар ҷароҳат бардоштанд. Инчунин он зиёда аз 1 миллиард доллари амрикоӣ хисорот расонид;

Соли 2009  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба таъсис ва фаъолияти Маркази байналмилалии илмӣ-тадқиқотии «Помир -Чақалтой» — ро баррасӣ кард;

Имрӯз Рӯзи байналмилалии дандонпизишк буда, ҳамчунин дар Русия Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ ва Русия Рӯзи авиатсияи шаҳрвандӣ таҷлил карда мешавад.

Зодрӯз

Соли 1921 – ҳунарманди халқии Тоҷикистон Нормат Каримов

Соли 1927 – нависанда Нӯъмон Розиқ

Соли 1954 – ҳофизи балет, ҳунарманди хизматнишондода Валерий Алибоев

Соли 1875 – шоир  Бобоюнус Худойдодзода

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *